Салом дӯстон! Имрӯз чанд қоидаи муҳим барои мардонро гирдоварӣ намудем. Шояд аз баъзе қоидаҳо хабардор бошед ва ба назар содда намоянд, аммо бовар кунед аксарият аз ин қоидаҳо бехабаранд. Қоидаҳои содда, вале бисёр лозим ва бамаврид барои мардон >>

Гул ва қоидаҳои ба гул вобаста
Дар ин ҳолатҳо ба мард гул тақдим кардан мумкин ва дуруст аст:
- Нахустнамоиши филм;
- Барномаи консерти;
- Нашри китоб;
- Интишори мақолаи хуб;
- Кадом ихтирое;
- Рӯзи таваллуд;
- Гирифтани ҷоиза ва ё унвоне;
- Ғолибият дар мусобиқа ва ё ба дастории кадом унвони варзишӣ;
Фишурдани даст
Аслан бо зан дастаки салом намекунанд, аммо агар аввалин шуда худи ӯ даст дароз кунад, шумо ҳатман бояд дастатонро дароз кунед ва бо ӯ салом кунед. Ҳангоми салом бо нуги даст салом кардан ва ё баракс дасти занро сахт фишурдану мисли дар молбозор таккон додан мумкин нест!!!
Аввалтар аз ҳама бояд нафари калонсол дасташро дароз кунад. Ё аз рӯйи мақом-аввал бояд устод ба сӯйи шогирд даст дароз кунад ва баъд шумо чун шогирд дастатонро дароз намоед. Дар акси ҳол салом додан кифоя аст.
Ҳангоми саломи дастӣ шумо бояд лаби моил ба табассум дошта бошед. Ҳангоми салом фақат ба ҳамсуҳбататон нигоҳ кунед. Нигоҳҳои парешон аксар вақт маънии бетаваҷҷӯҳӣ ва самимияти дурӯғини шуморо дорад ва ҳамсуҳбатро дилсард мекунад.
Хӯрок
Аз рӯйи қоидаҳои мавҷуда вақте ки зан аз мизе, ки шумо нишастаед, хестанӣ мешавад, шумо ҳам бояд аз ҷо хезед.
Шумо лақаби худатонрову ҳамсаратонро барои дигарон ошкор накунед. Кӯшиш накунед, ки суҳбати шуморо дигарон шунаванд.
Вақте ки нӯшобаро бо найча нӯшида истодаед, кӯшиш накунед, ки истаконро қоқ кунед ва садои охирин қатраи нӯшоба атрофи шуморо фаро бигирад.
Қоидаҳои тарабхона (коидахои ресторан)
Луқмаро майдатар ба даҳон андозед;
Шумо бояд донед, ки чиро бо даст хӯрдан мумкин аст ва чиро не…
Ба хӯрокхӯрии ҳамсуҳбататону дигарон нигоҳ накунед;
Бо даҳони пур гап назанед ва боқимондаи хӯрокро аз лабу даҳонатон бо дасту панҷа тоза накунед;
Телефонро дар рӯйи миз гузоштану ҳар лаҳза ба он даст расонидан ҳам ҳангоми хӯрокхӯрӣ дуруст набудааст;
Хоидани сақич ҳам қоида дорад. Мо аслан кӯшиш мекунем, ки баъди хӯрок сақич хоем, то ҳам хӯрок то ҷойе ҳал шавад ва ҳам накҳати нохуб аз даҳон наояд. Вале чарақ-парақи он набояд атрофро пур кунад;
Ҳангоми суҳбат агар шумо тез-тез ба соат, телефон ва планшети худ нигоҳ мекунед, пас ҳамсуҳбататонро дар ҳолати ногувор мегузоред; Ин маънии онро дорад, ки шумо мехостед, тезтар аз он кас халос шавед!
Дар долон ва роҳрави биноҳо
Агар дар роҳрав (лестница) марду зан бо ҳам оянд, марде ки боло мебарояд, бояд занро аз қафо гузошта худаш пеш баромадан гирад. Вақти фаромадан бошад, бояд зан пеш-пеш фарояду мард аз қафо. Ин дар холате ки зинапояҳо ва роҳрав тангу торик набошад.
Зан дар роҳрав бояд ҳамон самтеро интихоб кунад, ки перила дорад. Ҳатто агар муқобили самти ҳаракат ҳам бошад. Мардҳо бояд назди периларо ба занҳо, пиронсолон ва кӯдакон бидиҳанд.
Мувофиқи баъзе омор фақат 10% мардум ҳамин қоидаҳоро медонистаасту халос. Умедворем, ки акнун ҳамин омор акнун каме тағйир ёфт…
Мард бояд чи гуна бошад, коидахои ресторан, коидахои хурокхури, коидахои такдимнамоии гул.


