Чаро баъзе дарёҳо хушк мешаванд?

0

Дарёҳо – маҷрои об (обҳои ҷорӣ) мебошанд. Онҳо ҳаҷман калон ва чуқур, яъне дорои миқдори зиёди об мебошанд. Дар баробари ин дарёҳо хурд ва на он қадар чуқур, яъне камоб низ ҳастанд.

Як қисми оби дарёҳо дар натиҷаи гармии ҳаво бухор мешавад. Агар миқдори оби дарёҳое, ки қисман ба замин меравад ва қисман бухор мешавад, аз миқдори оби сарчашмаашон (аз борону ҷараёнҳои дигар) зиёд шавад, он гоҳ дарё мунтазам қобилияти ҷоришавиро гум карда хушк мешавад.

Дарёҳои чуқур ва сероб ҳеҷ гоҳ хушк намешаванд, аммо дарёҳои камоб одатан, дар фасли тобистон хушк мешаванд.

Абрхо чи тавр пайдо мешаванд ва аз чи иборатанд?

Мақолаи қаблӣТабдилшавии ҳолати об – об, ях, газ
Мақолаи баъдӣАрасту – Аристотел