Дар овони наврасӣ аз бобокалони худ дар бораи фарорасии чиллаи зимистон нақлҳои ҷолиб шунидаем. Аз ҷумла, мегуфтанд, ки «пеш аз чилла ҳилла мешавад, баъд аз он чилла медарояд ва баъди чилла боз ҳиллаи зимистон сар мешавад».

Дар ҳақиқат, имрӯз вақте ки аз касе «чилла чист?» гуён мепурсем, ҷавоби дурусту саҳеҳеро гирифта наметавонем. Аксари мардум ба таври аниқ ва дуруст намедонанд, ки чӣ вакт чилла медарояду он кай мебарояд. Вақте ки ҳаво каме хунук мешавад, баъзе касон асли онро надониста мегӯянд, ки чилла даромад.
Дар асоси солшумории ниёгонамон, яъне дар асоси солшумории ҳиҷрии шамсӣ эътидоли баҳоронаю тобистона ва тирамоҳию зимистона ба назар гирифта мешавад. Санаи 20-ум ё 21-уми март шабу рӯз баробар мешавад. Дар ин рӯз иди Наврӯзро васеъ ҷашн мегиранд. Мутобиқи солшумории шамсӣ ин сана рӯзи якуми баҳор ҳисобида мешавад. Дар байни халқ чунин мақоле роиҷ аст, ки дар вақти Наврӯз хоҳ шаб гардию хоҳ рӯз. Фасли баҳор 90 рӯз идома меёбад, сипас фасли тобистон ворид мегардад. Фасли зимистон бошад, мувофиқи ин солшуморӣ санаи 21-уми декабр шурӯъ мешавад ва аз ин сана то 21-уми март давом меёбад. Ин муддат 90 рӯзро дар бар мегирад. Барои муайян кардани чиллаи зимистон, одатан аз санаи 22-юми декабр, яъне оғози зимистон то 15-уми январ 25 рӯз партофта мешавад. Баъдан, аз 16-уми январ чил рӯз шуморида мешавад, ки ба 24-уми феврал рост меояд ва боқимонда 25 рӯз низ ба ҳисоби фасли зимистон зам карда мешавад.
Мардум чил рӯзи мобайниро, ки аз 16-уми январ то 24-уми феврал идома меёбад, чилла мегӯянд ва 25 рӯзи аввал ва 25 рӯзи охириро ҳилла гӯянд. Зеро дар ҳилла гоҳо ҳаво хунук ва гоҳо гарм мешавад, яъне ҳаво гӯё ҳиллагар мешавад.
Чиллаи тобистон ҳам ба мисоли чиллаи зимистон ҳисоб карда мешавад. Он 40 рӯзи мобайнии фасли тобистон аст. Фасли тобистон тибқи солшумории гузаштагонамон аз рӯзи дарозтарини сол, яъне аз санаи 22-юми июн шурӯъ мешаваду то санаи 22 ё 23-юми сентябр идома меёбад. Ба мисоли болоӣ 40 рӯзи мобайнии онро гиред, пас чиллаи тобистонро муайян кардан мумкин аст. Одатан, дар байни халқ ду фаслро дорои чилла мехисобанд, яъне чиллаи зимистон ва чиллаи тобистон. Агар мо гардиши офтоб, эътидоли баҳоронаю тирамоҳӣ ва саршавии рӯзи дарозтарину шаби дарозтаринро дониста гирем, пас фаҳмидани рӯзҳои чилла осон мешавад. Ин як формулаи оддӣ аст, ки ба хотир доштани он осон мебошад. Санаи 20 ё 21-уми март шабу рӯз баробар мешавад, ки ин оғози фасли баҳор аст. 22-юми июн бошад, рӯзи дарозтарини сол мешавад, ки он оғози моҳи саратон ва саршавии тобистон ба шумор меравад. Санаи 22-юми сентябр бошад, эътидоли тобистонаи офтоб мешавад, боз шабу рӯз баробар мегардад, ки он оғози фасли тирамоҳ аст. 22-юми декабр бошад, шаби дарозтарини сол медарояд, ки онро оғозшавии фасли зимистон ҳисоб мекунанд.
Аз “Овози Самарқанд”


