Сураи Духон Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Духон Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Духон Ояти 22

فَدَعَا رَبَّهٗۤ اَنَّ هٰۤؤُلَاۤءِ قَوۡمٌ مُّجۡرِمُوۡنَ‌‏ ٢٢

Фа даъа Раббаҳу анна ҳаулаи Қавму-м муҷримун. 22.

22. Пас, ба Парвардигори худ дуо кард, ки «ин ҷамоъат Қавми кофиранд».

Мӯсо (а) ҳарчанд кӯшишу ғайрат кард, натавонист он Қавмро аз чоҳи ҷаҳлу фисқу гумроҳӣ ва куфр берун биёрад, пас назди Парвардигори худ алайҳи онҳо ин дуъоҳоро ҷоиз донист. Ай Рабби ман, ин Қавми саркаш на пандро мефаҳмаду на насиҳатро, онҳо аз ҷурму гуноҳ ва ҷинояте, ки содир мекунанд, баргаштанӣ нестанд. Ай Парвардигори ман, Ту худат байни ману онҳо ҳукму файсала кун, ин ҷамоъа гунаҳкору кофиранд, ба онҳо ҷазои мувофиқ муқаррар гардон. Баъди чунин дуъоҳо Худованд ба Мӯсо (а) ваҳйи худро фиристода, гуфт:


Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Духон Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Духон Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)