Тафсири Сураи Духон Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Духон Ояти 29
فَمَا بَكَتۡ عَلَيۡهِمُ السَّمَآءُ وَالۡاَرۡضُ وَمَا كَانُوۡا مُنۡظَرِيۡنَ ٢٩
Фа ма бакат ъалайҳиму-с-самау ва-л-арЗу ва ма кану мунзарӣн. 29.
29. Пас, Осмон ва Замин бар фиръавниён нагирист ва онҳо аз муҳлатдодашудагон набуданд.
Дар баъзе аз ривоёт омада, ки чун бандаи муъмин аз олам реҳлат кунад, аз он дарвозаи осмон, ки хос барои ҳамин банда тааллуқ дораду аз он амалҳои солеҳи ин банда ба осмон мегузараду ризқу рӯзияш ба поён фуруд меояд. Ба марги соҳиби худ мегиряд. Ҳамчунин ҳар ҷое, ки рӯйи Замин ин банда намоз гузорида буду амалҳои хайру савоб анҷом дода буд, барояш мегирянд.
Афсӯсу надомат мехӯранд, ки бо рафтани ин банда аз мо як бахту саодат бардошта шуд. Аммо баръакси ин кофире ё фиръавниёну пайравони онҳое, ки ҳеҷ тухми амали солеҳ накоридаанд аз дунё раванд, на осмон андӯҳгин мешаваду гиря мекунад ва на Замин. Балки шояд хушҳол ҳам шаванд, зеро тавре, ки мегӯянд: “Хас каму ҷаҳон пок”.
Дар давоми ин оят омада, ки Аллоҳ таъоло Фиръавну ҳамқавмашро то як вақту замони дигар муҳлат надод, балки якбора ҳамаро бар асари гуноҳе, ки доштанд, ба ҳалокат расонид.
Мулоҳиза: Вақто ки писари ҳабиби Худо (с), Иброҳим аз олам бармаҳал реҳлат намуд, ҳамоно Офтоб, ё Маҳтоб гирифт кард. Байни мардум овоза паҳн шуд. Гӯё ба сабаби фавтидани писари Расулуллоҳ (с) ин кор ба амал омадааст. Он ҳангоми ҳазрати Муҳаммад (с) мардумро фармуд, то ба як ҷо ҷамъ шаванд, ба онҳо хутба хонда гуфт: “Маълуми шумо бод, ки Маҳтобу Офтоб барои марги аҳаде ҳеҷ гоҳ намегирад”. Бешак, ба шаҳодат расидани Имом Ҳусайн дар Ислом мусибати бузург аст, аммо суханҳое, ки аҳли ташайюъ мегӯянд ба монанди осмон сурх шуду санг бориду таги ҳар санг хун баст ва ғайра, назди аҳли суннат вал ҷамоъат бо чандин далелҳо рад шудааст. Якум ҳазрати Алӣ (р) аз писари худ дида, шахсияти бузургтар буд, дуввум ҳазрати Усмон (р) дар ҳабсу азобу машаққат ба сахтӣ ба шаҳодат расид, саввум ҳазрати Умар (р)-ро дар меҳроб шамшер зада, ба шаҳодат расонидаанд, чаҳорум Абӯбакр (р), ёри ғор ва аввалин саҳоба фавтид, панҷум сарвари коинот, пайғамбари охируззамон, хотаман набиййин ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) аз олам чашм пӯшид, вале на осмон чанд рӯз сурх буд, на Офтобу Маҳтобро гирифтанд ва на аз осмон санг бориду на таги ҳар санг хун баст. Ин хурофотро мардум аз куҷо ёфтанду бофтанд ва ба кадом далел чунин ақидаро ҷорӣ карданд?
Хонандаи ҳушманд, метавонӣ мутмаин бошӣ, ки дар ҳеҷ тафсире ин хурофот сабт наёфта ва дастгирӣ ҳам надидааст.
Ин буд чанд ояте, шояд аз роҳи нодурусти хеш баргарданду имон биёранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «