Тафсири Сураи Духон Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Духон Ояти 33
وَاٰتَيۡنٰهُمۡ مِّنَ الۡاٰيٰتِ مَا فِيۡهِ بَلٰٓؤٌا مُّبِيۡنٌ ٣٣
Ва атайнаҳум-м мина-л-айати ма фӣҳи балау-м мубӣн. 33.
33. Ва аз нишонаҳо ва аз он чӣ дар он имтиҳони ошкор буд, онҳоро додем, (то бингарем, чи гуна амал мекунанд).
Баъд аз он, ки Аллоҳ таъоло Бани Исроилро аз шарри Фиръавну пайравонаш наҷот дод, нисбат ба тамоми мардуми замонашон онҳоро мустаҳиқу шарофатманд дониста, барои онҳо имтиёзҳои хубе арзонӣ дошт. Инчунин онҳоро донандаи илми хуб гардонид, ки дар ин бора дар сураи “Йасин” ҳам ишора рафтааст. Ҳамчунин дигар фазилатҳо ҳам, ба онҳо дод, ки то имрӯз ба ҳеҷ як Қавму халқе надодааст. Аз ҳуҷҷату бурҳон ва дигар чизҳои хориқулодат низ барои имтиҳони онҳо дода буд. ин барои шахси соҳиби тафаккур пинҳон нест.
Чунончи барои аз дарё убур кардани онҳо Аллоҳ таъоло дарёро ба ду ҳисса ҷудо бинамуда, барояшон роҳ кушод, онҳо наҷот ёфтанд. Фазли дигарашон ин буд, ки абре ҳамеша болои сарашон соягӣ мекард. Ҳамчунин меҳрубонии Аллоҳ таъоло ба ин Қавм он буд, ки аз осмон барояшон таъоме-“манн” ва “салво” ба баракати дуъои ҳазрати Мӯсо (а) фиристод. Ин лутфу меҳрубониро Аллоҳ таъоло ба ҳеҷ Қавми дигар накарда буд. Албатта, ин афзалият ва дигаргуниҳо дар замони худашон мувофиқу мутобиқ дониста мешуд, аммо дар замони ҳазрати Муҳаммад (с) бар ӯ (с) ояти каримаи “Кунтум хайра умматин ухриҷат линнас” “Шумо беҳтарин уммат ҳастед” ваҳй шуд, ки ба фазли уммати ӯ (с) ишора мекунад. Ин суханест, ки дар Қуръони маҷид сабт гардидааст ва як далели раднашаванда ба онҳоест, ки худро аз уммати ҳабиби Худо бартару афзалтар медонанд.
Аллоҳ таъоло бо оятҳои зер аз аҳволи кофирони Қурайш барои панди онҳо ва имрӯзиён хабар дода фармудааст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «