Сураи Духон Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Духон Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Духон Ояти 35

اِنۡ هِىَ اِلَّا مَوۡتَتُنَا الۡاُوۡلٰى وَمَا نَحۡنُ بِمُنۡشَرِيۡنَ ٣٥

Ин ҳия илла мавтатуна-л-ула ва ма наҳну би муншарӣн. 35.

35. «Оқибати кор ҳеҷ мурдан нест, магар мурдани нахустин ва мо барангехташавандагон нестем.

Оё куффору мушрикони Қурайш нафаҳмиданд, ки бозгашту аз нав зинда шудан дар ин дунё набуда, балки дар рӯзи Қиёмат аст? Албатта, онҳо агар ақл медоштанд, ҳаргиз чунин сухан алайҳи худашон зарароварро намегуфтанд. Бинобар ин, Аллоҳ таъоло аз аҳволи куффору мушрикони Қурайш ва амсоли онҳо зимни оятҳои мазкур мефармояд, ки онҳо дар баробари шунидани аҳволи рӯзи Қиёмат мегӯянд, ки мавт (марг) ин марҳалаи охири зиндагии мост. Чун марг фаро расад, ҳама кору зиндагӣ анҷоми ниҳоӣ меёбад. Ба ҷуз зиндагии ин дунё дигар зиндагие вуҷуд надорад, на олами барзах ҳасту (олами байни дунё ва Қиёмат), на ҳисобу китоби амалҳо ва на Биҳишту на Дӯзах. Мо ҳаргиз барангехта (зинда карда) намешавем. Яъне онҳо мисли фиръавниён дар куфру гумроҳии доимӣ побанд буда, Қиёмату зинда гардонидан пас аз мурданро ба куллӣ инкор намуда, ботилона даъво мекарданд, ки агар зинда шудан бори дигар ҳақ бошад…


Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Духон Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Духон Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)