Тафсири Сураи Духон Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Духон Ояти 46
كَغَلۡىِ الۡحَمِيۡمِ ٤٦
Ка ғалйи-л-ҳамӣм. 46.
46. Монанди ҷӯшидани оби сӯзон.
Дарахти хабисе ки дар Ҷаҳаннам мерӯяд, онро дарахти Заққум мегӯянд. Ҳамин дарахт таъоми шахсони гунаҳкори дар Ҷаҳаннам будааст. Ғайри ин дарахт барои дӯзахиён таъоми дигаре нест, то ин ки аз хӯрдани он осоиш бинанд, зеро он мисли миси гудохта ва оби ҷӯшида аст. Ҳар гоҳе гунаҳкорон Заққум мехӯранд, шикамашонро бесаранҷом месозад.
Хулоса, Заққум дарахтест, ки онро Аллоҳ таъоло дар Ҷаҳаннам рӯёнид ва онро дарахти “Малъуна” ном ниҳод. Ҳар гоҳе аҳли нор гурусна монанд, ба вай рӯ меоранду ноилоҷ тановул мекунанд. Ин азоби дӯзахиёнро чандин карат зиёд мегардонад.
Мурод аз калима “Асим” бисёр осишударо, яъне мушрикро гӯянд, ки яке аз онҳо Абӯҷаҳл будааст. Он бадбахт мегуфт: “Маро Муҳаммад ваъда медиҳаду метарсонад, ки дар Ҷаҳаннам Заққум гуфтани дарахт аст. Не! Он Заққум полудаест (таъомест), ки аз хурмо ва маска тайёр карда шудааст”. Он лаъин рафту чунин таъомро оварда, пеши дӯстони худ гузошту барои масхараву истеҳзои Расулуллоҳ (с) ва оёти Қуръон гуфт: Биёед Заққум хӯред! Аз ҳамин ҷиҳат Аллоҳ таъоло Забонияи Дӯзахро амр карда гуфт:
Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «