Сураи Духон Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Духон Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Духон Ояти 6

رَحۡمَةً مِّنۡ رَّبِّكَ‌ؕ اِنَّهٗ هُوَ السَّمِيۡعُ الۡعَلِيۡمُۙ ٦

Раҳмата-м ми-р-Раббик. Иннаҳу Ҳува-с-Самӣъу-л Ъалӣм. 6.

6. Ҳамчу раҳмате аз назди Парвардигори ту, ба дурустӣ ки Ӯст шунавою доно.

Дар он шаби Қадр тамоми корҳои яксолаи бандагон ба мисли аҷал, ризқу рӯзӣ, муддати умр ва дигар аҳволи онҳо аз Лавҳулмаҳфуз муҳкам нақлу (кӯчонида) ҳаллу фасл шуда, ба фариштагон муносиби ҳолашон супорида мешаванд. Дигар ба ҳеҷ сурат то соли оянда он корҳо тағйир намеёбанд. Яъне он чӣ дар он сол дар ин шаб аз аҳволи бандагон, хоҳ шарр, хоҳ хайр, хоҳ солеҳ бошаду хоҳ толеҳ (бадкор), ба сӯйи фариштагон ваҳй фиристода мешавад. Ин ҳукмест, ки аз тарафи Аллоҳ таъоло ва ба иҷобати Ӯ ва бо илму тадбири Ӯ сурат мегирад. Албатта, раҳмати Парвардигор аст, ки пайғамбаронро бо китобҳо, хусусан Муҳаммад (с)-ро бо Қуръон ба сӯйи бандагони Худ, то мардумро роҳи ҳидоят нишон диҳанд, фиристод. Ин ҳама меҳрубонӣ ва хайрхоҳии Аллоҳ таъолост ба бандагони Худ, ки пайғамбару китоб мефиристад, ки беҳтарини онҳо Муҳаммад (с) ва Қуръон аст. Ин ҳам раҳмати Аллоҳ таъолост, ки фариштагони Худро барои нафъи бандагони Худ мефиристад, хусусан ба воситаи Ҷабраил (а) Қуръонро ба Муҳаммад (с) фиристод. Албатта, Аллоҳ таъоло шунавандаи тамоми суханони бандагони худ буда, аз ҳама афъолу аҳволу нияти бандагони Худ бохабар аст, зарурати пайғамбарону китобҳоро бо илми Қадими худ дониста, бо сифати Раҳимии Худ барои ҳидояти бандагони Худ миннат ниҳода, онҳоро фиристод. Алҳамду лиллоҳ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Духон Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Духон Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)