Тафсири Сураи Духон Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Духон Ояти 7
رَبِّ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۘ اِنۡ كُنۡتُمۡ مُّوۡقِنِيۡنَ ٧
Рабби-с-самавати ва-л-арЗи ва ма байнаҳума. Ин кунтум-м муқинӣн. 7.
7. Парвардигори осмонҳо ва Замин аст ва он чӣ дар миёни ҳар ду ҳаст, агар шумо яқинкунандагон ҳастед.
Агар шумо, ай мардум, салоҳияти бовар кардани чизеро доред ва аҳли имону яқин ҳастед, бидонед он Зоте, ки Қуръонро ба Расули Худ (с) фиристодааст, Ӯ холиқу молики осмонҳо ва Замин аст. Он чӣ дар ин ду ва миёни ин ду ҳаст, низ дар ихтиёри Ӯст; Ӯ таъоло Парвардигори ҳамаи онҳост.
Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «