Тафсири Сураи Фачр Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фаҷр Ояти 18
وَلَا تَحٰٓضُّوۡنَ عَلٰى طَعَامِ الۡمِسۡكِيۡنِۙ ١٨
Ва ла таҳаЗЗуна ъала таъами-л-мискӣн. 18.
18. Ва бар таъом додани мискин якдигарро тарғиб намедиҳед.
Ба болои ин, ки аз моли худ ба мискинҳо чизе намедиҳед, дигаронро ҳам ба ёрӣ додани онҳо тарғибу ташвиқ намекунед. Аз ин оятҳо чунин бармеояд, ки риояи ҳаққи ятимону мискинон яке аз амрҳои Ислом ва боиси хушнудии Раҳмон аст. Боз одати шумо ин аст, ки:…
Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «