Тафсири Сураи Фачр Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фаҷр Ояти 2
وَلَيَالٍ عَشۡرٍۙ ٢
Ва лайалин ъашр. 2.
2. Ва қасам ба шабҳои даҳгона.
Дар масъалаи тафсири “шабҳои даҳгона” ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Ба ривояти баъзе олимони муътабар мурод аз “шабҳои даҳгона” даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа аст. Рӯзи 9-ӯми ин даҳа ҳоҷиёни Маккаи мукарама сокини Арафот мегарданд, ки онро вуқуфи Арафот меноманд. Мувофиқи ривоятҳо дар ин ҳангом аз ҷониби Худои раҳмон малоики (фариштагони) раҳмат ба Замин мефароянд. Ваъдаи қатъии мағфирати гуноҳи бандагон мавҷуд аст. Дар ин ҳангом аз ноумедӣ шайтон хеле маҳзун мегардад.
Мувофиқи ривояти дигар, мурод даҳаи охири моҳи шарифи рамазон аст. Шаби қадр шабе аз шабҳои тоқи ин даҳа аст. Савоби як шаби қадр баробар ба савоби ҳазор моҳ аст. Ин рӯзҳоро бояд гиромӣ ва бо тоъату ибодат гузаронид. Ба чунин шабҳою рӯзҳои пурфайз Аллоҳтаъоло қасам ёд намудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «