Тафсири Сураи Фачр Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фаҷр Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
وَالۡفَجۡرِۙ ١
Ва-л-фаҷр. 1.
1. Қасам ба субҳ.
Аллоҳтаъоло бо фаҷр (субҳ), ки охири шаб ва аввали рӯз аст, қасам ёд мекунад. Дар бораи файз, баракат ва фоидаи субҳ ҳадис ва ривоятҳои бисёре мавҷуданд, ки дар шарҳи ин оят гуфта шудаанд.
Бе шак ва шубҳа, қасам хӯрдани Худованд бо субҳ мартаба ва фазилати субҳро назди бандагон баланд мебардорад.Тибқи баъзе ривоятҳо мурод аз субҳ намози субҳгоҳ аст. Ҳамчунин ақида ҳаст, ки субҳ гуфта тамоми рӯз дар назар аст. Ё шояд субҳ-субҳи рӯзи 10-ӯми моҳи Зулҳиҷҷа бошад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «