Маҷмааи истироҳатии Гармчашма яке аз мавзеъҳои табобатӣ – истироҳатӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияи Ишкошим, дар километри 42 – юми шаҳри Хоруғ, дар силсилакӯҳҳои Шоҳдара ҷойгир шудааст. Аз байни Гармчашма шохоби дарёи Панҷ ҷорӣ аст.

Оби шифобахши Гармчашма дар таркибаш олтингӯгирд ва борут дорад, ки аз қаъри замин ҷӯш зада берун меояд. Гармии оби чашма дар фасли сармо ба 40 дараҷа баробар аст. Оби ин чашма ва ҳавои форами маҳал барои табобати бемориҳои қалб, миён, пой, системаи асаб, касалиҳои занонаю мардона, безуриётӣ, бахусус касалиҳои пӯст шифобахш аст.
Чашма умри ҳазорсола дошта, соли 1928 аз ҷониби менерологи рус А. Н. Лубенсов кашф шудааст.
гарм чашма таджикистан памир гармчашма таджикистан


