Сураи Ёсин Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 67

وَلَوۡ نَشَآءُ لَمَسَخۡنٰهُمۡ عَلٰى مَكَانَتِهِمۡ فَمَا اسۡتَطَاعُوۡا مُضِيًّا وَّلَا يَرۡجِعُوۡنَ ٦٧

Ва лав нашау ла масахнаҳум ъала маканатиҳим фа мастатоъу муЗиййа-в ва ла ярҷиъун. 67.

67. Ва агар хоҳем, суратҳои онҳоро дар ҷояшон масх (табдил ба ҳайвон, санг ва …) кунем, пас, аз он ҷо рафта натавонанд ва бозгаштан ҳам натавонанд.

Масх дигаргун сохтани сурат аст. Яъне Аллоҳтаъоло мегӯяд, ки Қудрату тавоноии олӣ дорем, ки агар ирода кунем, бе мушкилӣ метавонем онҳоро мисли ҷимод (санг) дар ҷояшон масх намоем, ки дигар илоҷи ҷунбидану пешу пас рафтанро наёбанд. Аммо бахти баланди онҳост, ки Мо чунин накардем ва онҳоро аз аъзову Қудраташон маҳрум насохтем, локин ин некбахтӣ барои онҳо як муҳлати муайяне буд бояд бо хубӣ истифода мебурданд. Чун ин неъмати додаи Худованд, яъне аъзоҳои бутуну солимро зулм намуда дар ҷои лозиму савоб истифода набурданд, албатта, дар он рӯз аъзоҳо алайҳи соҳиби худ гувоҳӣ хоҳанд дод.

Баъди ин Ӯ таъоло далелҳоро бинобар Қудрати худ барои масх кардани сурати инсон дар ояти зер чунин зикр каддаст…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣФизика ва 5 асрори нуҳуфтаи он