Сураи Фотиҳа Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотиха Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотиҳа Ояти 7

صِرَٰطَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِمۡ غَيۡرِ ٱلۡمَغۡضُوبِ عَلَيۡهِمۡ وَلَا ٱلضَّآلِّينَ ٧

Сирота-л- лазина  анъамта  ъалайҳим  ғайри-л-мағЗуби  ъалайҳим  вала-З-Золлин. 7.

7.Чунин роҳе, ки бар онҳо (пайғамбарону Сиддиқон) инъом кардӣ, на (ба) роҳи ғазабкардашудагон ва на роҳи гумроҳон.

Мурод аз инъомкардашудагон пайғамбарону сиддиқон ва шаҳидону солеҳон (парҳезкорон)-анд. Ба ғазаби Худо гирифторшудагон яҳудиёнанд. Сабаби ба ғазаб гирифтор шудани яҳудиҳо ин буд, ки бисёр анбиёро куштанд, ба Худо аҳд карданд, аммо ба он аҳд вафо накарданд ва боз бисёр гуноҳҳои дигар аз онҳо сар зад, ки чандин оятҳои дигар бар ин далолат мекунанд. Худованд ба онҳо дастуру илм дод, вале дидаву дониста ба он амал накарданд.

  Дар зери мафҳуми “гумроҳон” насрониҳо дар назар дошта шудааст. Онҳоро ба он хотир гумроҳ гуфтаанд, ки роҳи нишондодаи Худовандро қабул накардаанд. Мувофиқи майлу хоҳиши худ роҳеро ихтиёр карданду онро дуруст шумориданд. Онҳо назди ҳазрати Исо (а) айбдории худро иқрор карданд ва гуфтанд, туро розӣ мекунем ва ибодате, ки Аллоҳтаъоло моро фармудааст, ба ҷо меорем. Вале бар хилофи гуфтаҳои худ амал намуданд. Ин аст, ки онҳоро гумроҳон мегӯянд. Яъне ояти шарифа мегӯяд, ки Худоё, моро ба роҳи анбиё ва дар роҳи он собитбудагон, мисли авлиё ва ҷумлаи азизони даргоҳи худат роҳнамоӣ куну ба роҳи яҳудиён ва насоро иршод нафармо! Ин аст дуои олӣ ва дархости бисёр зарур. Гарчанде оятҳои ин сура кам ҳам бошанд, маънои бисёреро дарбар гирифтаанд. Ба ҳамин хотир, сураи мазкураро ба номи «Уммулқуръон» (модари Қуръон) ном мебаранд. Зеро дар ин сура ҳамди Худо ва сифатҳои Вай, подшоҳ будани Ӯ дар рӯзи Қиёмат, ибодат, ихлос, дуъо, зикри умматҳои хубу ҳидоятшуда ва ононе, ки ба роҳи нодуруст рафтаанд, ифода ёфтааст. Аз ин ҷост, ки дар ҳар ракаъати намоз хондани он ва такрор карданаш таъкид карда шудааст. Худо кунад, ки вақти хондан ба маънои ояти хондашуда сарфаҳм равем. Пас, биёед, бо мулоҳиза ва боандеша бошем, то дилу забону мақсадамон, чи дар ҳолати намозхонӣ ва чи дар дигар ҳолат, ба ҳам мувофиқ ояд.

Ҳамватани мо, Имом Муслим аз саҳобаи машҳур Абӯҳурайра (р) ҳадиси қудсиеро ривоят кардаанд ва мавриди зикр аст, ки онро ин ҷо қайд кунем. Фарқ байни ҳадиси қудсӣ ва оят дар он аст, ки ояти Қуръон лафзу маънояш аз ҷониби Худованд аст, аммо ҳадиси қудсӣ маънояш аз Худованд буда, вале лафзаш аз Пайғамбар (с) аст. Хулоса, дар ҳадиси қудсӣ омадааст, ки Худованд гуфтааст: “Байни ману бандаи намозгузорам сураи «Фотиҳа» ду тақсим аст, ҳар чӣ бандам хоҳад, медиҳам. Агар бандаам “Ал-ҳамдулиллоҳи Рабби-л-ъоламин” – гӯяд, “Бандаам маро ҳамду шукр мегӯяд”. Агар банда – “Ар-Раҳмони-р-Раҳим” – гӯяд, Худованд изҳор месозад: “Бандаам маро сано мегӯяд”. Чун банда “Молики явми-д-дин”-ро хонад, Худованд гӯяд: “Бандаам маро аз ҳама болову бузург хонд”. Чун бандаи намозгузор ба ояти “Иййока наъбуду ва иййока настаъин” рассад, Худованд гӯяд: “Ин асрори байни ману бандаам аст, он чӣ бандаам пурсад ба ӯ медиҳам”. Агар банда “Иҳдина-с-сирота-л-мустақим сирота-л-лазина анъамта ъалайҳим, ғайри-л-мағЗуби ъалайҳим вала-З-Золлин” гӯяд. Худованд мефармояд: “Ин дархости бандаи ман аст. Ҳар он чи бандаам хоҳад, ба ӯ медиҳам”. Валлоҳу аълам.

Поёни сураи Фотиҳа. Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотиҳа «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотиҳа Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Бақара – Тафсири Осонбаён (Қуръон)