Тафсири Сураи Фотиха Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотиҳа Ояти 6
ٱهۡدِنَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ ٦
Иҳдина-с-сирота-л мустақим. 6.
6. Моро ба роҳи рост ҳидоят кун.
“Ҳидоят” – дар луғат ба маънои болутфу марҳамат раҳнамоӣ намудан омадааст. Назди аҳли илм ҳидоят чанд дараҷа дорад. Худованд инсонро бо ҳидоят омехта ба дунё меорад. Бубинед, бе он ки ба кӯдак нишон дода шавад, вай макидани ширро медонад, ҳангоми гуруснагӣ мегиряд ва ҳангоми таҳдиди хавф аз тарс чашмонашро мепӯшад ва монанди инҳо. Аммо ин ҳидоятест, ки на ҳама талаботи инсонро қонеъ мегардонад. Ба панҷ узви ҳискунанда, яъне дидану шунидану бӯидан, чашидан ва ламс (ҳис) кардан ҳидоят метавон ёфт. Аммо ин ҳам маҳдуд аст ва барои инсон нокифоя. Инсон дар мизони ақл ҳидояти дар боло зикршударо метавонад, мавриди тадқиқу тафтишу санҷиш қарор бидиҳад ва саҳву хатоҳоро ислоҳ созад, ба як хулоса биёяд. Мисол, вақте инсон бо ҳидояти чашм акси чизеро дар об ноҳамвор ва шикаста мебинад, пас бо ҳидояти ақли солим сурати бутуну солими он ашёро муайян месозад. Мисоли дигар, меваи ширину болаззат дар даҳони шахси бемор талху бемазза метобад, вале ақли комил собит месозад, ки ин аз бемории он шахс аст, вагарна мева бо он лаззате, ки дорад, боқист. Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки инсон ба воситаи ақл неку бадро аз ҳам ҷудо карда, роҳи саодатманд гаштани худро меёбад. Бисёриҳо ин ақидаро дастгирӣ мекунанд. Аммо таъкид дар ин ҷо ба маврид аст, ки ақл ба пуррагӣ қодир нест инсонро дар ҳама ҳолатҳо ҳидоят кунад. Барои исботи ин ақида, агар назаре ба рӯйдодҳои ҷаҳон дошта бошем басанда аст. Дар аксарият мамлакатҳо ихтилофи байни ақидаҳо меравад. Ҳар як тарафи мухолиф аз рӯи ақл ақидаи худро дуруст меҳисобад. Вале бояд донист, ки аз ақл боло ҳидояту ҳидоятгарест. Ҳидояти олӣ-ҳидоят аз ҷониби Парвардигори оламиён аст, ки ба воситаи пайғамбарону анбиё, пайравони онҳо ва олимон бар бандагон таъкид мегардад. Чун Худованд халқкунандаи инсон аст, пас роҳи саодатмандии ӯро ҳамон Зоти пок худаш медонад. Аз ин боис, Офаридгори оламу одам барои бандагони худ дастури зиндагӣ – Қуръонро фиристод, ки ӯро ба сӯйи саодат, яъне хушбахтӣ раҳнамоӣ месозад. Он дастури зиндагӣ ва нишондоди олӣ дини мубини Ислом аст ва пайғамбарон ки охирини онҳо Ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад ва инчунин пайравони ӯ авлиёву олимон ба туфайли таълим ин дини покро ба халқ расониданду мерасонанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотиҳа «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «