Тафсири Сураи Бакара – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Бақара
Ин сура бо ҷамии оятҳои худ, бидуни шакку шубҳа дар Мадина нозил шудааст, ки он сураи 2-юми Қуръон буда, аз 286 оят иборат аст.
Номи сура ба таври мутлақ аз оятҳои 67-73-уми ҳамин сура гирифта шудааст. Сураи мазкур аз дарозтарин сураҳои Қуръон буда, аз рӯи мазмуни худ бо сураҳои дар Мадина нозилшуда монанд буда, он низому қонунҳоеро ки инсонҳо дар пиёда кардани ҳаёти иҷтимоии хеш ба онҳо ниёз доранд, баён месозад. Сураи «Бақара» бузургтарин ҳукмҳои шариъатро мисли ақида, ибодат, муъомилот, ахлоқ, муносибати зану шавҳар, талоқ, идда, ило, қарз ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Дар ибтидо ҳарфе чанд, яъне 4 ояти он сифати мӯъминонро ва 2 ояти он одати кофиронро ва 13 ояти он ахлоқи мунофиқонро баён карда, ҳақиқати имон ва куфру нифоқро равшан месозад. (Т.Ҷалолайн.). Яъне сураи мазкур бо услуби хос байни аҳли саодат (некбахтон) ва аҳли шақоват (бадбахтон) фарқ гузошта, онҳоро аз ҳамдигар ошкоро ҷудо сохтааст.
Баъдан суханро аз пайдоиши Абу-л-башар, яъне Одам (а) оғоз намуда, ҳодисаҳои аҷоиби дар он айём гузаштаро зикр карда, бо санаду далелҳо собит месозад, ки Аллоҳтаъоло навъи башарро гиромӣ доштааст. Дар ҳақиқат агар ба ин сура назар намоем, мебинем, ки аз се як ҳиссаи онро аҳволи аҳли китоб дар бар гирифтааст. Ба хоса аҳволи гузаштагони бани Исроилро дар маърази хонанда қарор медиҳад. Сабаб он аст, ки авлоди онҳо дар Мадинаи мунаввара, дар ҳамсоягии мӯъминон иқомат дошта, онҳо баҳри заъиф сохтани шариати Муҳаммад (с) алайҳи мусалмонон найрангҳоро ба кор мебурданд. Яъне пинҳонкорӣ ва даст доштан ба фисқу фасоди онҳо барои мӯъминон хатари бузургро ба миён овард, ки ин далели шикастани аҳднома, миёни бани Исроил ва мӯъминон гардид. Сураи муборака иттилоъ медиҳад, ки мӯъминон сари вақт аз макри онҳо огоҳ гашта, хатари ба миёномадаро дафъ сохтанд.
Давоми сура амрҳои шаръиеро дар бар гирифтааст, ки мусулмонони аввал ва имрӯзу оянда барои давлатдориашон чун дастури Раббонӣ ба онҳо ниёз доранд. Яъне ин амру дастур вобаста ба он давру замон набуда, балки доимо як амали зарурӣ буда, дар навбати худ иҷрои онҳо ҳам ибодат аст. Ин аст, ки ин сура қонунҳои шаръиро ба таври муфассал шарҳ додаву риояи онҳоро барои мӯъминон ҳатмӣ арзёби кардааст. Аз ҷумла, ҳукмҳои рӯзаро бо фаслҳои вобаста ба он, аҳкоми ҳаҷ ва умра, ҳукмҳои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, аҳволи оиладорӣ ва ончи вобаста ба издивоҷ, мисли талоқ, разоъ, идда, ҳалол набудани никоҳи зани мушрика, манъ будани алоқаи ҷинсии мардон бо занон дар ҳолати ҳайз ва ғайраро, ки барои танзими ҳаёти иҷтимоии ҷамии мардум дар навбати аввал лозим аст, мавриди баррасӣ қарор додааст.
Масъалаи дигаре, ки ин сура сари он ҳарф мезанад, ин рибо (изофахӯрӣ, прооент) аст, ки имрӯзҳо як масъалаи ниҳоят доғи ҷамоъаи инсонҳо, ба хусус мусулмонҳо гаштааст. Ҳар инсоне, ки ба чунин муомилаҳо сари кор дорад ва бо мақсади рибохӯрӣ чизеро тақдим медорад, аз тарафи Аллоҳтаъоло бо ӯ ва шахсони монанди ӯ то аз чунин амали ғайришаръӣ даст кашиданашон, ҳарб (мубориза) эълон карда шудааст. Илова бар ин, сураи муборака бо он рӯзе, ки хабар омадани он инсонҳоро дар тарсу ҳарос меоварад, яъне рӯзи қиёмат, хосс рибохӯронро дар бораи даҳшати чунин рӯз бо ояте ҳушдор дода таъкид кардааст, ки аз изофахӯрӣ даст кашанд. Баъди итмоми рисолати худ ва ба мардум расонидани амонати Худо (ҷ) Муҳаммад (с) ба сӯйи ҷивори Парвардигори худ реҳлат намуданд.
Хатми сура таваҷҷӯҳро ба он ҷалб месозад, ки инсонҳо ба сӯйи Аллоҳ (ҷ) дар тавбаю тазаррӯъ бошанд ва барои саодати дунёву охирати худ дуоҳо низ намоянд. Сура бо баёни сифати мӯъминон оғоз ва ба дуои онҳо ба поён расидааст.
Аммо дар боби фазилати сураи «Бақара» ҳазрати Расулуллоҳ (с) чунин фармудаанд: “Ло таҷъалу буютакум мақобир, инна-ш-шайтона янфуру минал байти-л-лази туқрау фиҳи суратул Бақараҳ” (тахриҷи Муслим ва Тирмизӣ), яъне Расулуллоҳ (с) фармудаанд, ки “Хонаҳои худро мисли мақбара магардонед, албатта, шайтон аз хонае, ки дар он сураи «Бақара» хонда мешавад, мегурезад.” Дар Саҳеҳи Муслим, дар ҳадиси дигар аз Расулуллоҳ (с) омадааст: “Иқрау сурата-л-Бақарата фа инна ахзаҳа баракатун ва таркуҳа ҳасратун ва ла ястатиъҳа-л-батлату”, Яъне, Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Сураи Бақараро хонед, зеро бо худ гирифтани ин сура баракат аст ва тарки он ҳасрат аст ва соҳирон ба хонандаи ин сура ба иҷрои коре қодир шуда наметавонанд”. Яъне дар хонае ин сура хонда шавад, сеҳри соҳирон (сеҳргарон), иншоаллоҳ, таъсир намекунад.
Ин буд нигоҳе мухтасар ба мундариҷаи ин сураи муборака. Ва лиллоҳил ҳамд вал миннаҳ.