Тафсири Сураи Фотир Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 18
وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِّزۡرَ اُخۡرَىٰ ؕ وَاِنۡ تَدۡعُ مُثۡقَلَةٌ اِلٰى حِمۡلِهَا لَا يُحۡمَلۡ مِنۡهُ شَىۡءٌ وَّلَوۡ كَانَ ذَا قُرۡبٰى ؕ اِنَّمَا تُنۡذِرُ الَّذِيۡنَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُمۡ بِالۡغَيۡبِ وَاَقَامُوا الصَّلٰوةَ ؕ وَمَنۡ تَزَكّٰى فَاِنَّمَا يَتَزَكّٰى لِنَفۡسِهٖ ؕ وَاِلَى اللّٰهِ الۡمَصِيۡرُ ١٨
Ва ла тазиру вазирату-в визра ухра. Ва ин тадъу мусқалатун ила ҳимлиҳа ла юҳмал минҳу шай-ув ва лав кана за Қурба. Иннама тунзиру-л-лазӣна яхшавна Раббаҳум би-л-ғайби ва ақому-с-салаҳ. Ва ман тазакка фа иннама ятазакка ли нафсиҳ. Ва илаллоҳи-л-масӣр. 18.
18. Ҳеҷ бардоранда, бори гуноҳи дигареро барнамедорад ва агар касе, ки бораш гарон аст, касеро ба ёрӣ ба сӯи бори хеш бихонад, аз он бор чизе бардошта натавонад, агарчи он кас хешованд бошад, ҷуз ин нест, ки ононро бим мекунӣ, ки аз Парвардигори хеш ғоибона метарсанд ва намозро барпо медоранд. Ва ҳар кас (аз гуноҳ) пок шуд, пас, ҷуз ин нест, ки барои нафъи хеш пок мешавад. Ва бозгашти ҳама ба сӯи Худост.
Масъулияти ҳар инсон назди Шаҳаншоҳи бе мислу монанд (яъне Аллоҳтаъоло) мисли шоҳони золиме, ки барои гуноҳи як нафар Қабиларо ба ҷавобгарӣ мекашанд ва ё ҳамсояро ба ҷурми ҳамсоя зери суол мебаранд, набуда, балки фардист. Яъне дар боргоҳи Худовандӣ ҳеҷ гунаҳгор бори гуноҳи шахси дигарро бар дӯш намекашад. Ҳар кас агар сабаби гуноҳ содир кардани каси дигар нашуда бошад, фақат аз гуноҳи худ ҷавоб медиҳад. Агар сабаб шуда бошад, чуноне ки дар ояти 68-уми сураи «Азҳоб» гузашт, дучандон азоб мебинад. Ин масъаларо ҷумлаи дуввум бо тарзи дигар ташхис намуда гуфтааст, ки агар шахсе зери бори гуноҳҳои гарони худ монда бошад, дар он рӯз касеро, бигзор дӯсти наздикаш бошад, ба кӯмаки худ бихонад, агарчи ёрии андак пурсида бошад ҳам, ӯ ба дӯши худ намегирад, балки ҷавоби радду манфӣ мешунавад. Пас, чӣ гуна шахси бегона ба кӯмаки ӯ мешитобад? Ин ҳама бемеҳрию бемуҳаббатии байни ҳамдигар барои он аст, ки дар он рӯз ҳар кас аз наҷот ёфтани худ дар гумон аст. Мумкин аст, ки он миқдор ҳасанае, ки ба хешовандони худ медиҳад, барои худаш ба кор ояд, ё он миқдор бори гуноҳе, ки аз хешовандаш ба дӯши худ мегирад, номаи аъмоли гуноҳҳонаш сангин шавад. Дар ҷумлаи севвум Худованд Расулаш (с) ро фармудааст, ки эй Пайғамбари Мо (с), модоме ки кор чунин аст, барои гуфтору кирдори шахсони кофир ғамгин машав ва худро заҳмат надеҳ. Зеро онҳоро мувофиқи кору кирдорашон, албатта, ҷазо хоҳем дод. Ҳоло шумо шахсонеро ҳушдору инзор (тарс аз азоб) диҳед, ки онҳо Худовандро надида, ба Ӯ имон оварданду дар пинҳонӣ ҳам бошанд, аз Худо тарсида даст ба гуноҳ намезананд ва намозҳоро барпо медоранд. Дар чаҳорумини ҷумла Худованде, ки аз бандагони Худ бениёз аст, чунин гуфтааст, ки ҳар касе покӣ ва тақво (парҳезгорӣ, тарс аз Худо)-ро пешаи худ кунад, тоъату ибодат кунад ва даст аз корҳои гуноҳ бардорад, натиҷаи он ба фоидаи худи ӯст. Дар охир (дар панҷумин ҷумла) Худованд ҳушдор додааст, ки агар мебинӣ, ки дар ин дунё шахсони нек ба подоши нек ва шахсони бад ба натиҷаи амалҳои бади худ намерасанд, ин муҳим нест, чаро ки бозгашти ҳамагон ба сӯи Худост. Худованд дар он рӯз ба ҳисоби ҳамаи онҳо мерасад ва дар баробари амалҳои содиршуда ҳар инсонро ҷазо ё подош хоҳад дод.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «