Тафсири Сураи Фотир Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 19
وَمَا يَسۡتَوِى الۡاَعۡمٰى وَالۡبَصِيۡرُ ١٩
Ва ма ястави-л-аъма ва-л-басӣр. 19.
19. Ва нобино ва бино баробар нестанд.
Муносиби баҳсҳои Қаблӣ, ки сухан атрофи имону куфр гузашт, Худованд дар ин оят ва чанд ояти зер мисолҳои ҷолиб оварда, дар нахуст гуфтааст, ки шахсе ки кӯру нобиност, ҳаргиз мисли шахси бино нест. Дар ин ҳеҷ шакк нест. Оре! Дар боргоҳи Худовандӣ низ шахси кофир бо шахси муъмин ҳаргиз баробар шуда наметавонад. Зеро имон мисли нур аст, дар тамоми амалҳои зиндагонӣ ба соҳиби худ рӯшноӣ ва огоҳӣ медиҳад. Аммо куфр зулмат (торикӣ) аст, соҳиби он на эътиқод дораду на амали солеҳ. Худованд ба ин мазмун дар ояти 257-уми сураи «Бақара» фармудааст, ки Худованд дӯсту роҳнамо ва сарпарастӣ муъминон аст. Онҳоро аз торикиҳо (куфр) ба рӯшноӣ (нури имон) ҳидоят мекунад. Аммо дӯсту сарпарасти кофирон тоғут (шайтон) аст, ки онҳоро аз рӯшноӣ (имон) ба зулмат (куфр) мекашонад. Онҳо (кофирон ва тоғут) соҳибони Дӯзаханд ва дар он ҷовидон бимонанд. Монанд ба ин…
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «