Сураи Фотир Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 21

وَلَا الظِّلُّ وَلَا الۡحَـرُوۡرُۚ ٢١

Ва ла-з-зиллу ва ла-л-ҳарур. 21.

21. На соя ва на боди гарму сӯзон.

Маълум аст, ки ҷое, ки соҳиби сояву бонишот аст, руҳу ҷисми инсонро навозиш медиҳад. Аммо ҷое, ки зери Офтоби гарму доғ аст ва боди гарм мевазад, нофорам буда, инсон дар он ҷо тоқати нишастан надорад, ин ду бо ҳам баробар нестанд. Баъзе муфассирон ин мисолро ба сояҳои Биҳишт ва оташбоди доғро ба Дӯзах тафсир кардаанд. Оре! Маънои оят аз ин ҳам бештар аст. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)