Тафсири Сураи Фотир Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 22
وَمَا يَسۡتَوِى الۡاَحۡيَآءُ وَلَا الۡاَمۡوَاتُ ؕ اِنَّ اللّٰهَ يُسۡمِعُ مَنۡ يَّشَآءُ ۚ وَمَاۤ اَنۡتَ بِمُسۡمِعٍ مَّنۡ فِى الۡقُبُوۡرِ ٢٢
Ва ма ястави-л-аҳйау ва ла-л-амват. Инналлоҳа юсмиъу ма-й-яшаъ. Ва ма анта би мусмиъи-м ман фи-л Қубур. 22.
22. Ва зиндагон ва мурдагон баробар намешаванд, ҳаройина, Худованд ҳар киро хоҳад, мешунавонад ва ту касеро, ки дар гӯр хуфтааст, сухани худро шунавонда наметавонӣ.
Муфассирон мувофиқи мазмуни ин оят муъминонро ба зиндагон ва кофиронро ба мурдагон монанд кардаанд. Яъне Худованд гуфтааст, ки ҳаргиз зиндагону мурдагон яксон нестанд. Ояти мазкур барои олимону ҷоҳилон низ мисол шуда метавонад. Яъне олимон дар ақлу фаросат, дар Худотарсӣ, дар риъояи корҳои шариъат, дар ҳозиру ғоиб бо ҷоҳилон баробар нестанд. Муъминон мисли дарахтеанд, ки он решаву шохаву баргу гулу меваҳо ва нашъунамо дорад. Аммо шахси кофир дар ин боб мисли чӯби хушкида аст, ки чунин сифатҳо дар ӯ нест. (Барои ҷузъи ин оятро дурустар фаҳмидан ба ояти 122-юми сураи «Анъом» муроҷиъат шавад).
Худо даъвати ҳақро ба гӯши касе, ки бихоҳад, мерасонад, ӯ ҳам даъвати имон оварданро Қабул мекунад. Ин гуна шахсон ба нидои Пайғамбарон ва ба нидои пайравони ҳақиқии онҳо лаббайк мегӯянд. Агар иродаи Мо набошад, Ту Расулаллоҳ (с) наметавонӣ даъвати ҳақро ба гӯши кофирон бирасонӣ, зеро онҳо чун мурдагон суханро намешунаванд.
Хулоса, дар ин оят мувофиқи фикри аксари муфассирон, куфр дилҳои аҳли куфрро миронидааст. Вақто ки онҳо ҳақро мешунаванду имон намеоранд ва амал намекунанд, онҳо низ ба мурдагони дар Қабр хобида баробаранд.
Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «