Сураи Фотир Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 29

اِنَّ الَّذِيۡنَ يَتۡلُوۡنَ كِتٰبَ اللّٰهِ وَاَقَامُوا الصَّلٰوةَ وَاَنۡفَقُوۡا مِمَّا رَزَقۡنٰهُمۡ سِرًّا وَّعَلَانِيَةً يَّرۡجُوۡنَ تِجَارَةً لَّنۡ تَبُوۡرَۙ ٢٩

Инна-л-лазӣна ятлуна китабаллоҳи ва ауому-с-салата ва анфақу мим ма разақнаҳум сирра-в ва ъаланията-й ярҷуна тиҷарата-л лан табур. 29.

29. Ҳаройина, ононе ки Китоби Худоро тиловат мекунанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чӣ онҳоро рӯзӣ додем, пинҳон ва ошкоро харҷ мекунанд, (онҳо касонеанд, ки) тиҷоратеро умед доранд, ки ҳаргиз касод нашавад,

Дар ояти Қаблӣ ба мақоми хавфу тарси аҳли илм ишора шуд, ҳоло дар ин оят ба мақоми умеди онҳо ишора шуда Худованд фармудааст, ки касоне, ки Қуръонро на сарсарӣ, балки бо тадаббуру фикру андеша (то ин ки сарчашмаи амалҳои солеҳашон шавад) ҷиҳати дарёфти ризои Худованд тиловат мекунанду таъсир мебардорад ва бо хушӯъу хузӯъ ва бо фурӯтанӣ, оромишу сарҷамъ кардани фикр, хавфу тарс ва бо риояи рукнҳо намозҳоро дар вақтҳои муайяншуда адо мекунанд ва ҳамчунин аз он чи ки Худованд ба онҳо ризқу рӯзӣ додааст, дар роҳи ризоии Ӯ, чи ошкор ва чи пинҳон, хайру эҳсон мекунанд, онҳо касонеанд, ки умед доранд, ки бо Худо чунон тиҷорат кунанд, ки тиҷораташон ҳамеша судовар бошад ва ҳаргиз касод ё зиёновар нагардад.

Ин ҳама барои чист, ояти зер баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)