Сураи Фотир Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 28

وَمِنَ النَّاسِ وَالدَّوَآبِّ وَالۡاَنۡعَامِ مُخۡتَلِفٌ اَ لۡوَانُهٗ كَذٰلِكَ ؕ اِنَّمَا يَخۡشَى اللّٰهَ مِنۡ عِبَادِهِ الۡعُلَمٰٓؤُا ؕ اِنَّ اللّٰهَ عَزِيۡزٌ غَفُوۡرٌ ٢٨

Ва мина-н наси ва-д-давабби ва-л-анъами мухталифун алвануҳу казалик. Иннама яхшаллоҳа мин ъибадиҳи-л-ъуламаъ. Инналлоҳа Ъазӣзун Ғафур. 28.

28. Ва (ҳамчунин) аз мардум ва ҷонварон ва аз чаҳорпоён, ранги онҳо гуногун аст. Ҷуз ин нест, ки аз миёни бандагони Худо танҳо олимон аз Ӯ метарсанд. Ба ростӣ, Худо Ғолибу омурзанда аст.

Рангоранг будани олами наботот ва олами ҷимодот дар ояти Қаблӣ гузашт. Ҳоло Худованд дар ин оят хабар додааст, ки инсонҳо низ аз як ҳаво нафас мекашанд, об менӯшанд, таъом мехӯранд, аммо рангашон чун меваҳо ё наботот бо ҳам як хел нест. Оё ин бар якка ва ягона будани Аллоҳтаъоло ва бар Қудрату бузургии Ӯ таъоло далел нест? Ҳатто дар як оила ин ҳикматро мушоҳида кардан мумкин. Мешавад аз як модар дугона таваллуд шаванд, аммо дар рангу пӯст аз ҳамдигар фарқ кунанд. Кӣ метавонад як инсонро гандумранг, дигареро сафед ва ё сиёҳпӯст биофарад? Ин ҳикматро дар ҳайвонот низ мушоҳида кардан мумкин. Агар аз майдатарин парранда ва аз майдатарин ҳайвон, то ба калонтарини ҳайвонҳо эътибор дода шавад, рангҳояшон гуногун аст, яке сурх, дигаре сиёҳ, сафед, зард, кабуд ё ним сиёҳ, ним сурх ва ғайра. Во аҷабо, агар ин рангҳоро Худованд ба онҳо надода бошад, пас, кӣ додааст? Бояд инсон сари инсоф ба ин падидаҳо бо чашми ибрат нигарад ва Худои худро шиносад ва аз рӯзе, ки бо Ӯ дидор дорад, тарс дошта бошад. Дар ҷумлаи дуввуми ин оят омадааст, ки аз Худованд касоне бисёр метарсанд, ки соҳиби илманд. Яъне нисбат ба оммаи мардум, ки чандон аз зоту сифати Аллоҳтаъоло хабар надоранд, шахсони хабардор (олимон) аз Худо бисёртар метарсанд. Зеро олимон Қудрати Аллоҳтаъолоро бисёртар ҳис мекунанд, сари ҳар чизе андеша меронанд, Қудрати Аллоҳтаъоло ва оҷизии худро ҳис мекунанд ва бо худ мегӯянд, ки Парвардигоро! Агарчи то охир ақли ман ба фаҳми ин махлуқи Ту нарасад ҳам, ту ин ашёро беҳуда халқ накардаӣ. Касе олим ҳисобида мешавад, ки Худотарс ва дар илми худ амал дошта бошад. Ибни Аббос (р) гуфтааст, ки олим касест, ки чизеро ба Худои Раҳмон шарик наёварад, ҳалоли Ӯро ҳалол ва ҳароми Ӯро ҳаром бишносад, супоришҳои Ӯро риъоят кунад ва яқин дошта бошад, ки бо Парвардигори хеш, албатта, рӯбарӯ дидор дорад ва дар ивази амалҳои баду неки хеш мавриди ҳисоб Қарор мегирад.

Ҳасани Басри (р) гуфтааст, ки олим касест, ки дар ғоиб ҳам бошад, аз Парвардигори худ метарсад, ба коре рағбату майл дорад, ки ризои Худованд дар он кор ҳаст ва аз корҳое, ки Худованд аз онҳо розӣ нест, рӯгардон аст. Он гоҳ ояти мазкурро тиловат кард.

Дар охир бо як далели кӯтоҳ Худованд фармудааст, ки бе гумон, Худованд бар он чи гузашт, ғолиб аст, касонеро, ки фармон намебаранд, таҳдид мекунад ва аҳли тоъатро шомили мағфирати хеш Қарор медиҳад.

Хулоса, бинобар маънои ояти мазкур ба гурӯҳи олимони Худотарс, олимони соҳаи дин, донишмандони соҳаи тиб, зист шинос, фалакшинос, набототшинос, табақоти заминшинос, заминҷунбишинос, фазошинос, ҳавошинос, табиатшинос дохиланд. Зеро онҳо ҳангоми тадқиқоти худ муъҷизаҳои Парвардигорро бисёртар мебинанд. Хусусан табибон ва физикону химикон.

Дар ҳадиси шариф бо ривояти Имом Бухорӣ (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Аммо ман тарсандатарини ва парҳезгортарини шумо аз Худо ҳастам».

Баъди ибрат гирифтан аз чизҳои дидашуда, дар оятҳои баъдӣ сухан аз ваҳйи Илоҳӣ меравад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)