Тафсири Сураи Фотир Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 32
ثُمَّ اَوۡرَثۡنَا الۡكِتٰبَ الَّذِيۡنَ اصۡطَفَيۡنَا مِنۡ عِبَادِنَاۚ فَمِنۡهُمۡ ظَالِمٌ لِّنَفۡسِهٖۚ وَمِنۡهُمۡ مُّقۡتَصِدٌ ۚ وَمِنۡهُمۡ سَابِقٌۢ بِالۡخَيۡرٰتِ بِاِذۡنِ اللّٰهِؕ ذٰلِكَ هُوَ الۡفَضۡلُ الۡكَبِيۡرُؕ ٣٢
Сумма аврасна-л китаба-л-лазӣнастафайна мин ъибадина. Фа минҳум залиму-л ли нафсиҳӣ ва минҳум-м муқтасиду-в ва минҳум сабиқун би-л-хайроти би изниллаҳ. залика ҳува-л-фаЗлу-л-кабӣр. 32.
32. Сипас, касонеро, ки аз бандагони Худ баргузидаем, Қуръонро мерос додем, пас, баъзеи онҳо бар нафси худ ситамгаранд ва баъзеи аз онҳо миёнараванд ва баъзеи аз онҳо бо ҳукми Худо бар некиҳо сабқаткунандаанд. Ин аст фазли бузург.
Бо саҳеҳтарин ривоят ин машъали ҳамеша фурӯзон (Қуръони карим) ба Расулаллоҳ (с) аз тарафи Худованд дар муддати 23 сол нозил шуд ва барои посдории он, Худованд дар Қалби ӯ (с) онро ҷойгир намуд. Илова бар ин, Худованд хабар додааст, ки Мо ин китоби осмонӣ (Қуръонӣ)-ро бар гурӯҳе аз бандагони баргузидаи Худ ҳамчу мерос тақдим намудем. Муфассирон иттифоқ бар он доранд, ки «бандагони баргузида» дар ин ҷо умматони муҳаммадияанд, ки аз байни ҷамиъи умматҳо, аз саҳобагони Расулаллоҳ (с) сар карда, то касоне, ки баъд аз онҳо омадаанд ва хоҳанд омад, бо иродаи Худованд илми ин Қуръонро мерос бурданд. Худованд онҳоро бо он нур (Қуръони мубин) ихтисос доду мушарраф гардонид. Зеро Қуръон китобест, ки зимнан дарбаргиранда, фишурда ва хулосаи тамоми китобҳои осмонист. Донишмандоне, ки боандешаанд, хуб дарк карданд, ки дигар ҳоҷате ба китобҳои Қаблӣ ва ё ба китоби дигаре (наве) намондааст.
Хулоса, уламои муслиҳ ин мероси бузургро посдорӣ карданд ва барои иҷрои дастурҳои он талошу кӯшиш ба харҷ дода, унвони «Бандагони баргузидаи Худованд»-ро соҳиб шуданд. Худованд дар давоми оят он ворисони раббонӣ ва посдорони Қуръонро бар се Қисм тақсим намуда хабар додааст, ки баъзе аз онҳо агарчи аҳли тавҳиданд, локин касоне ҳастанд, ки дар дастуроти он кӯтоҳӣ карда, Қуръонро чандон посдорӣ накарда, бар худ ситам карданд. Гурӯҳе аз меросбарони Қуръон бо дастуроти он хело камари ҳиммат баста, дар посдорӣ ва дар амал, агарчи дар худ баъзе лағжишҳо доштанд, локин ба ҳар сурат худро бо тоъату бо иҷрои корҳои хайр дар мақоми муқтасид (миёнрав) Қарор доданд. Гурӯҳи дигаре аз посдороне, ки Қуръонро ба мерос бурданд, ба иҷрои аҳкоми он то андозае Қиём кардаанд, ки дар майдони мусобиқа бар ҳамдигар пешгузариҳо доранд.
Ибни Касир (р) дар бораи ин се гурӯҳ чунин гуфтааст:
Аҳли тавҳиде, ки баъди Пайғамбар (с) ва баъди саҳобагони киром Қуръонро ба мерос бурданду ҳоло посдори онанд, се гурӯҳанд:
1-ум. Золим бар нафси худ. Онҳо касонеанд, ки воҷиботро тарк мекунанд, бар корҳои ҳаром даст мезананд ва бо ин сабаб бар нафси худ зулм мекунанд:
2-юм. Муқтасидин (миёнравон) онҳо касоне ҳастанд, ки акси гурӯҳи аввал воҷиботро анҷом медиҳанд ва аз корҳои ҳаром парҳез мекунанд, локин гоҳо амри мустаҳабро тарк ва баъзан макрӯҳотро анҷом медиҳанд.
3-юм. Собиқун илал хайрот (Пешқадамон дар корҳои хайр) онҳо касоне ҳастанд, ки фарзу воҷиботу ҳама мустаҳаботро ба ҷо меоранд ва даст бар корҳои ҳарому макрӯҳ намезананд. Ҳатто баъзан корҳои мубоҳро низ тарк мекунанд, ки ин беҳтарин гурӯҳи мусалмонҳоянд.
Дар мазмуни ҳадиси ривояткардаи Абӯдовуд (р) омадааст, ки касоне, ки Қуръонро посдорӣ карда, дар ин кор пешқадамиро аз даст надоданд, бидуни ҳисоб дохили Биҳишт хоҳанд шуд.
Ҳисоби касоне ки дар посдории Қуръон ва амал ба он миёнравӣ карданд, ба осонӣ гирифта мешавад. Аммо касоне, ки аҳли тавҳиданду локин, чуноне ки дар боло гузашт, бар нафсҳои худ зулм карданд дар дарозии рӯзи маҳшар боз дошта мешаванд. (Барои натиҷаи кори чунин гурӯҳро фаҳмидан, дар эзоҳи ояти 34-уми ҳамин сура, иншоаллоҳ, ба ин мавзӯъ боз хоҳем гашт).
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «