Тафсири Сураи Фотир Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 33
جَنّٰتُ عَدۡنٍ يَّدۡخُلُوۡنَهَا يُحَلَّوۡنَ فِيۡهَا مِنۡ اَسَاوِرَ مِنۡ ذَهَبٍ وَّلُـؤۡلُؤًا ۚ وَلِبَاسُهُمۡ فِيۡهَا حَرِيۡرٌ ٣٣
Ҷаннату ъадни-й ядхулунаҳа юҳаллавна фӣҳа мин асавира мин заҳаби-в ва луълуа. Ва либасуҳум фӣҳа ҳарӣр. 33.
33. Ба бӯстонҳои ҳамеша мондагор дароянд, дар он ҷо онҳоро даствонаҳои аз тилло сохташуда ва аз марворид пероя дода шаванд ва либоси онҳо дар он ҷо ҷомаи абрешимӣ бошад.
Ояти мазкур натиҷаи ояти Қаблӣ буда, Худованд фармудааст, ки касоне, ки дар амал ва тоъату ибодат ва дар корҳои хайру эҳсон ва дар посдории Қуръон пешқадам шуданд, подоши онҳо биҳиштҳои Адн (Қароргоҳи ҷовидон) аст. Чун ин пешгомҳо дохили биҳиштҳо мешаванд, ба дастбандҳое, ки аз тилло сохта шудаву бо дур ороста шудаанд, зиннат дода мешаванд. Либосҳое, ки ба онҳо пӯшонида мешаванд, ҳама аз ҳарир (шоҳӣ) аст. Зеро онҳо дар ин дунё ба завқу барқи он дода нашуданд ва худро асири зару зевар накарданд ва дар банди либосҳои фохир ҳам набуданд. Барои маълумоти бештар ба ояти 23-юми сураи «Ҳаҷ» муроҷиъат шавад. Дар мазмуни ҳадиси шариф омадааст: «Ҳар касе дар дунё абрешим бипӯшад, дар охират онро напӯшад. Либоси абрешим барои аҳли дунёст. Аммо дар охират либоси аҳли Биҳишт аст.»
Хулоса, Ҷаннат дори ташриф аст, на мисли дунё дори таклиф. Дар он чизеро ҳаром ё ҳалол гуфтан ё тарсу ваҳм ва шоҳро ба раъият коре нест. Дигар ҳадисҳо низ ин мазмунро тасдиқ мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «