Тафсири Сураи Фотир Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 31
وَالَّذِىۡۤ اَوۡحَيۡنَاۤ اِلَيۡكَ مِنَ الۡكِتٰبِ هُوَ الۡحَـقُّ مُصَدِّقًا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِؕ اِنَّ اللّٰهَ بِعِبَادِهٖ لَخَبِيۡرٌۢ بَصِيۡرٌ ٣١
Ва-л-лази авҳайна илайка мина-л-китаби ҳува-л ҳаққу мусаддиқа-л ли ма байна ядайҳ. Инналлоҳа би ъибадиҳӣ ла Хабӣрун Басӣр. 31.
31. Ва он чӣ аз Қуръон ба сӯи ту ваҳй фиристодем, ҳақиқат аст, (ва) бовардорандаи он китобҳоест, ки пеш аз Вай аст. Ҳаройина, Худованд аз бандагони Худ хабардору бино аст.
Ояти мазкур ишора бар он дорад, ки дар ҳақиқат Қуръони карим ваҳйи Илоҳист, зеро Пайғамбари Худо (с) дар мадрасае таълим гирифта буд, то чунин китоберо таълифу ҷамъу баст кунад. Ҳоло барои таъкиди ин сухан Худованд гуфтааст, ки ай Расули Мо (с), ин Қуръоне, ки бо роҳи ваҳйи барои ту фиристодем, сухани Парвардигори соҳиб иззату ва-л-ҷалол аст. Китобест, ки худи Он ва таълимоту ҳама ҳукмҳояш ҳаққаст. Китобҳои пеш аз худ нозилшуда, чун Таврот, Инҷил, Забурро инкор надорад, балки онҳоро тасдиқкунанда аст. Зеро онҳо низ китобҳои Илоҳианд. Худованди шумо Зотест, ки аз ҳама маслиҳат ва афъоли бандагони Худ огоҳ аст, ягон пинҳоншудае бар Ӯ махфӣ намемонад. Чун вақташон даррасад, бо онҳо чи гуна муъомила мекунад, худаш хубтар медонад. (Барои маълумоти бештар ба ояти 41-уми сураи «Бақара» муроҷиъат шавад).
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «