Сураи Фотир Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 34

وَقَالُوا الۡحَمۡدُ لِلّٰهِ الَّذِىۡۤ اَذۡهَبَ عَـنَّا الۡحَزَنَ ؕ اِنَّ رَبَّنَا لَـغَفُوۡرٌ شَكُوۡرُ ٣٤

Ва Қолу-л-ҳамду лиллаҳи-л-лази азҳаба ъанна-л-ҳазан. Инна Раббана ла Ғафурун Шакур. 34.

34. Ва ҳама гӯянд: «Ситоиш Худойрост, ки аз мо андӯҳро дур кард, ҳаройина, Парвардигори мо омурзандаву Қадршинос аст.

Аҳли имон, аҳли тавҳид агарчи аз фазлу марҳамати Илоҳӣ умедворанд, локин пайваста аз азоби Илоҳӣ дар тарсу ҳарос умр ба сар мебаранд ва дар ҳама ҳол аз хотимаи бади худ бимноканд, ки оё амалҳои некашон Қабули даргоҳ шудааст, оё ин амалҳои нек то Қиёмат мерасанд, ё амали ношоистае сар мезанаду онҳоро ботил месозанд ва ғайра. Ҳоло Худованд дар ин оят хабар додааст, ки чун аҳли Биҳишт дар биҳиштҳои Адн (Қароргоҳи доимӣ) дохил мешаванд, мегӯянд ҳама ситоишҳо Худойрост, ки ҳамаи он тарсе, ки аз бадиҳо ва гуноҳони худ ва аз Қабул нашудани тоъатҳо ва аз рӯзи Қиёмат доштем, бо дохил кардани мо ба Ҷаннаташ аз мо дур сохт. Чун муъминон дохили боғҳои Ҷаннат мешаванд масрур шуда дар сухани худ афзуда, мегӯянд, ки Парвардигоро, албатта Ту бисёр омӯрзандаву Қадршинос ҳастӣ. Ту бо сифати ғафурияти худ ин андӯҳи сангинро аз мо дур кардӣ ва дар ивази он амалҳои кӯчаки мо бо сифати шакурият бисёр моро Қадршиносӣ карда, подоши фаровоне ба мо бахшидӣ. Ситоиши аҳли Биҳишт дар ояти зер идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)