Тафсири Сураи Фотир Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 35
اۨلَّذِىۡۤ اَحَلَّنَا دَارَ الۡمُقَامَةِ مِنۡ فَضۡلِهٖۚ لَا يَمَسُّنَا فِيۡهَا نَصَبٌ وَّلَا يَمَسُّنَا فِيۡهَا لُـغُوۡبٌ ٣٥
Ал-лази аҳаллана дара-л-муқамати мин фаЗлиҳӣ ла ямассуна фӣҳа насабу-в ва ла ямассуна фӣҳа луғуб. 35.
35. Он гоҳ аз фазли Худ моро ба сарои ҳамеша мондагор фуруд овардӣ, ки он ҷо ба мо ҳеҷ ранҷе ва ҳеҷ мондагие нарасад.
Худованд бо забони Расулаш (с) дар ин оят аз ҳоли биҳиштиён хабар додааст, ки чун он тоифаҳое, ки сифаташон дар оятҳои Қаблӣ гузашт, дохили Биҳишти Адн мешаванд, мегӯянд, ки сипосу ситоиш он Худойро, ки дар ин дори иқомату ҷовидон бо фазлу марҳамати Худ моро чунон ҷой додӣ, ки дар он ҷо дигар на ранҷ асту на озоре, на машаққату на хастагӣ ва на мондашуданӣ.
Хулоса, Биҳишт дори иқомати ҳамешагист, чун аҳли Биҳишт ба он мерасанд, аҳволи онҳо мисли дунёи пурозор нест, ки касе ба шаҳре ворид шавад, пас аз андаке шинос шудан, дар ҳол бонг сар дода шавад, ки андоз супоред, иқома гиред, вагарна хезед, кӯчед, равед ва ранҷу машаққати дигар. Умри инсон, ки дар он ҷо тӯлонист (дар Биҳишт дигар марг нест), ягон сабаби ранҷу хастагии инсон рӯҳан ва ё ҷисман рух нахоҳад дод.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «