Сураи Фотир Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 36

وَالَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا لَهُمۡ نَارُ جَهَنَّمَ‌ۚ لَا يُقۡضٰى عَلَيۡهِمۡ فَيَمُوۡتُوۡا وَلَا يُخَفَّفُ عَنۡهُمۡ مِّنۡ عَذَابِهَا ؕ كَذٰلِكَ نَـجۡزِىۡ كُلَّ كَفُوۡرٍۚ ٣٦

Ва-л-лазӣна кафару лаҳум нару Ҷаҳаннама ла юқЗа ъалайҳим фа ямуту ва ла юхаффафу ъанҳум-м мин ъазабиҳа. Казалика наҷзӣ кулла кафур. 36.

36. Ва ононе ки кофир шуданд, оташи Дӯзах барои онҳост, на бар онҳо ҳукм карда шавад, то бимиранд ва на аз онҳо чизе аз азоби Дӯзах сабук карда шавад, ҳамчунин ҳар носипосро ҷазо медиҳем.

Дар ояти мавриди назар аз муҷозоти дардноки кофирон сухан ба миён омада, Худованд фармудааст, ки барои касоне, ки роҳи куфрро пеш гирифта ба оятҳои Худованд кофир шуданд, пайғамбарони фиристодаи Худовандро дурӯғгӯй ҳисобиданд, ба ғайри оташи Ҷаҳаннам ҷазои дигаре нест. Дигар барои онҳо ҳукме намешавад, то онҳо дар он ҷо бимиранду бо ақидае, ки дар дунё доштаанд, аз машаққатҳои он халос шаванд ва аз онҳо оташи Ҷаҳаннам каму сабук карда намешавад, ки онҳо каме бошад ҳам, сабукиро ҳис кунанд. Балки онҳо мувофиқи гуноҳҳояшон дар азоби ҳамешагӣ боқӣ мемонанд. Дар ҷумлаи охир Худованд бо таъкид, гуфт, ки ҳамчунин касонеро, ки дар куфру исёни худ муболиға мекунанд, бо азоби шадид ҷазо хоҳем дод. Наъузу биллоҳ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)