Тафсири Сураи Фотир Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 37
وَهُمۡ يَصۡطَرِخُوۡنَ فِيۡهَا ۚ رَبَّنَاۤ اَخۡرِجۡنَا نَـعۡمَلۡ صَالِحًـا غَيۡرَ الَّذِىۡ كُـنَّا نَـعۡمَلُؕ اَوَلَمۡ نُعَمِّرۡكُمۡ مَّا يَتَذَكَّرُ فِيۡهِ مَنۡ تَذَكَّرَ وَجَآءَكُمُ النَّذِيۡرُؕ فَذُوۡقُوۡا فَمَا لِلظّٰلِمِيۡنَ مِنۡ نَّصِيۡرٍ ٣٧
Ва ҳум ястарихуна фӣҳа Раббана ахриҷна наъмал солиҳан ғайра-л-лазӣ кунна наъмал. А-ва лам нуъаммиркум-м ма ятазаккару фӣҳи ман тазаккара ва ҷаакуму-н-назӣр. Фа зуқу фа ма ли-з-золимӣна мин-н насӣр. 37.
37. Ва аҳли Дӯзах дар он ҷо фарёд кунанд, ки «Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то ба ғайри он чӣ, ки мекардем, корҳои шоиста бикунем!». Гӯем: «Оё шуморо дар он ҷо он Қадар умру зиндагонӣ надодем, ки ҳар кас мехост, ки пандпазир шавад, мешуд? Ва ба шумо тарсонанда омад, пас, азоб(-и Дӯзах)-ро бичашед. Пас, ситамгаронро ҳеҷ ёридиҳандае нест».
Чун аҳли Ҷаҳаннамро вориди он мекунанду онҳо аз натиҷаи амалҳои бади худ огоҳ мешаванд, бо надомати бисёр аз умқи дил фарёд кашида мегӯянд, ки эй Парвардигори мо! Моро аз ин азобхона хориҷ кун ва ба дунё баргардон то амалҳоеро ба ҷо биёварем, ки онҳо ғайри ин амалҳои бади анҷомдодаи мо бошанду Ту аз онҳо розӣ бошӣ ва онҳо дар ин ҷо барои мо ба кор оянд. Локин иҷобати ин дархост амри маҳол аст; Зеро бори дигар ба дунё бозгаштан пешбини нашудаст. Бо ҳамин шакл дар сураи «Анъом», ояти 28-ум гузашт, ки агар билфарз онҳо боз гардонида шаванд, боз ҳамон амалҳои зишти гузаштаеро, ки сабаби бадбахтиашон шуд, идома медиҳанд.
Хулоса, баъди мурдан барои анҷоми амали солеҳ ҳеҷ роҳи бозгаште ба дунё вуҷуд надорад. Худованд дар посух ба онҳо Қотеъона мегӯяд, ки оё ба миқдори кофӣ барои бедор шудану панд гирифтанатон ба шумо умр надода будем? Шумо ин умри тӯлониро дар чӣ корҳо сарф кардед? Оё бимдиҳандае аз тарафи Мо барои шумо наомад, шуморо панду насиҳат накард, роҳи дурустро ба шумо нишон надоду нафаҳмонд? Пас, барои чӣ панд нагирифтед, чаро дар дори дунё тамоми васоили наҷот дар ихтиёратон буд, худро ислоҳ накардед? Ҳоло имрӯз барои шумо на шафеъ ҳасту на касе ба шумо кӯмак расонида метавонад. Акнун ин азоби сахтро бичашед, ки ин барои шумо ситамгорон омода шудааст.
Дар ҳадиси шариф бо ривояти Абуҳурайра (р) омадааст, ки Расулаллоҳ (с) чунин фармуданд: «Дар ҳақиқат Худованд ба бандае, ки ӯро шаст ё ҳафтод сол умр дода ӯро зинда нигоҳ доштааст, дигар роҳи узрро барои ӯ бастааст».
Яъне шахсе дар ин муддат ҳеҷ панду насиҳати исломиро нашунаваду дар ҳолати зинда будан худро ислоҳ накунад ва бо ҳамин аз олам гузарад, дигар узре барои ӯ дар ҳолати баъди марг Қабул нест. Насафӣ (соҳиби тафсир), аз ин ҳам фаротар рафта гуфтааст, ки агар инсон дар синни таклиф расад, аммо дар иҷрои аҳкому аркони шариъат ҳоло мо ҷавон ва … гуфта бе парво ва бе амал аз дунё гузарад, дигар ҷойи узре барои ӯ боқӣ намонадааст. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «