Тафсири Сураи Фотир Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 4
وَاِنۡ يُّكَذِّبُوۡكَ فَقَدۡ كُذِّبَتۡ رُسُلٌ مِّنۡ قَبۡلِكَؕ وَاِلَى اللّٰهِ تُرۡجَعُ الۡاُمُوۡرُ ٤
Ва ий юказзибука фақад куззибат русулу-м мин Қаблик. Ва илаллоҳи турҷаъу-л-умур. 4.
4. Ва агар туро ба дурӯғ нисбат кунанд, пас, ҳаройина, пайғамбарони пеш аз туро ба дурӯғ нисбат кардаанд. Ва ҳама корҳо ба сӯи Худо бозгардонида мешаванд.
Худованд дар ин оят, то ин ки Расулаллоҳ (с) рӯҳафтода набошад, бо додани дарси муҳим, ба ӯ (с) хитоб намуда гуфтааст, ки эй Муҳаммад (с), агар мушрикон туро дурӯғгӯ шуморанд, нигарон набош! Зеро ин кору одати нави онҳо нест. Агар ба таърихи Пайғамбарони гузашта назар шавад, онҳо низ мавриди ба дурӯғгӯӣ нисбат додани Қавми худ Қарор гирифтаанд. Пас, дар ин боб сабр кун ва ба пайғамбарони гузашта пайрав бош! Зеро пайғамбарони гузашта дар роҳи рисолату таблиғи шариъати фиристодаи Худо аз тарафи муқобил хело озорҳо кашидаанд, аммо аз по нанишастанд. Ту низ аз дурӯғ ҳисобида шудани пайғамбариат аз тарафи кофирони Қурайш дар андеша машав ва дар таблиғи рисолати худ ҷиддӣ бош! Зеро Ӯ таъоло нозиру ҳисобкунандаи ҳама корҳост. Ҳама корҳо ба сӯи Ӯ бозмегарданд. Ҳар касро бар асоси он чи сазовор аст, ҷазо хоҳад дод. Агар боз гаштан ба рӯзи Қиёмат назди Худованд намебуд, аз кори инҳо ҷойи нигаронӣ имкон дошт. Аммо Қиёмат, ки барои баррасии тамоми амалҳои сабт шудаи мардум даргоҳи додгоҳи ҳаллу фасли бузург аст, дигар чӣ ҷойи нигаронӣ боқӣ мемонад. Ҳама дар он рӯз аз амалҳои худ ҷавоб хоҳанд дод. Мазлумон бояд шод бошанд, ки барои ситонидани ҳаққашон Худованд чунин рӯзеро дар пеши онҳо Қарор додааст. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «