Сураи Фотир Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 5

يٰۤـاَيُّهَا النَّاسُ اِنَّ وَعۡدَ اللّٰهِ حَقٌّۖ فَلَا تَغُرَّنَّكُمُ الۡحَيٰوةُ الدُّنۡيَاۖ وَلَا يَغُرَّنَّكُمۡ بِاللّٰهِ الۡغَرُوۡرُ ٥

Йа айюҳа-н насу инна ваъдаллоҳи ҳаққ. Фа ла тағурраннакуму-л ҳайату-д-дунйа ва ла яғурраннакум биллаҳи-л-ғарур. 5.

5. Эй мардум! Ҳаройина, ваъдаи Худованд рост аст, пас, шуморо зиндагонии дунё фирефта накунад ва шайтони фиребдиҳанда шуморо нисбат ба Худо нафиребад!

Худованд дар ин оят муҳимтарин барномаи инсонҳоро баён карда, фармудааст, ки эй мардум, омадани рӯзи Қиёмат, ҳисобу китоби амалҳои содиркардаи шумо дар он рӯз, Биҳишту неъматҳои он, Дӯзаху азобҳои он барои шумо ваъдаи Худост, ҳамаи онҳо ҳаққасту рост, ҳеҷ шакку шубҳае дар мавҷуд будани онҳо нест. Ороишҳо, неъматҳои фаровон ва лаззатҳои дунё зинҳор шуморо нафиребанд! Барои накӯии рӯзи охирати худ, аз иҷрои амалҳои солеҳ дар ғафлат намонед! Зинҳор бо ваъдаҳои хушку холӣ дар бораи афву карами Худованд, шайтони фиребкор шуморо нафиребаду мағрур насозад! Чуноне ки дар сураи «Нос» гузашт, шайтонҳои фиребанда ду гурӯҳанд: инсӣ ва ҷиннӣ. Шайтони инсӣ бо сухан, шайтони ҷиннӣ бо васвасаҳои худ инсонро мефиребанду ба ӯ мегӯянд: «Бе парво бош, ба сӯи ин корҳо (гуноҳ) шитоб кун! Фазлу карами Худованд бузургу раҳматаш васеъ аст. Худованд ваъда додааст-ку аз гуноҳҳои шумо дар мегузарад ва ҳама гуноҳҳои шуморо мавриди афви Худ Қарор медиҳад»


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)