Сураи Фотир Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 3

يٰۤاَيُّهَا النَّاسُ اذۡكُرُوۡا نِعۡمَتَ اللّٰهِ عَلَيۡكُمۡؕ هَلۡ مِنۡ خَالِـقٍ غَيۡرُ اللّٰهِ يَرۡزُقُكُمۡ مِّنَ السَّمَآءِ وَالۡاَرۡضِؕ لَاۤ اِلٰهَ اِلَّا هُوَۖ فَاَنّٰى تُؤۡفَكُوۡنَ ٣

Йа айюҳа-н-насузкуру ниъматаллоҳи ъалайкум. Ҳал мин холиқин ғайруллоҳи ярзуқукум-м мина-с-самаи ва-л-арЗ. Ла илаҳа илла Ҳу. Фа анна туъфакун. 3.

3. Эй мардум, неъмати Худоро бар хеш ёд кунед! Оё ғайри Худо ҳеҷ офарандае ҳаст, ки шуморо аз ҷониби Осмон ва Замин рӯзӣ диҳад? Нест ҳеҷ маъбуде барҳақ, магар Вай. Пас, аз куҷо (чаро) аз роҳи рост баргардонида мешавед?

Дар ояти мазкур ба масъалаи тавҳид дар ибодат, тавҳид дар холиқияту розиқият ишора карда, Худованд фармудааст, ки эй мардум, сарчашмаи аслии он неъматҳо ва он ҳама атоҳо, баракатҳо ва ҳама имконоти ҳаётеро, ки дар ихтиёри шумо Қарор гирифтаанд, ба ёд оред, ки аз ҷониби кист! Оё холиқе ғайр аз Худованд ҳаст, ки аз Осмону Замин барои шумо ризқу рӯзӣ диҳад? Оё ғайри Худои беҳамто зоте ҳаст, ки нури Офтобу мавҷҳои насим (бод)-у Қатраҳои бороне, ки замини мурдаро зинда мекунанд, ба сӯи шумо аз осмон фиристад? Чӣ касе барои шумо маъданҳои захирашудаи зери Замин ва маводи газҳо, ғизоҳо ва анвоъи гиёҳон ва меваҳо ва дигар баракатҳоро аз Замин хориҷ мекунад? Акнун фаҳмидед, ки ин ҳама баракот аз ҷониби Ӯст. Пас, бидонед, ки маъбуди барҳаққе ғайр аз Ӯ нест. Ибодат танҳо шоистаи Зоти поке аст, ки ҳама махлуқоту мавҷудот дар ихтиёри Ӯст. Пас, чӣ гуна роҳи ҳақро монда, ба сӯи роҳи ботил меравед ва ба ҷойи Худои ягонаро парастидан дар баробари бутҳо сари таъзим фуруд меоред?


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)