Тафсири Сураи Фотир Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 6
اِنَّ الشَّيۡطٰنَ لَـكُمۡ عَدُوٌّ فَاتَّخِذُوۡهُ عَدُوًّا ؕ اِنَّمَا يَدۡعُوۡا حِزۡبَهٗ لِيَكُوۡنُوۡا مِنۡ اَصۡحٰبِ السَّعِيۡرِؕ ٦
Инна-ш-шайтона лакум ъадуввун фа-т-тахизуҳу ъадувва. Иннама ядъу ҳизбаҳу ли якуну мин асҳаби-с Саъӣр. 6.
6. Ҳаройина, шайтон шуморо душман аст, пас, ӯро душман гиред, ҷуз ин нест, ки тобеъони худро мехонад, то онҳо аз аҳли Дӯзах бошанд.
Дар ояти Қаблӣ сухане аз васвасаҳои шайтон матраҳ шуд. Ҳоло дар ин оят Худованд муъминонро ҳушдор додааст, ки дар ҳақиқат шайтон душмани шумост, ӯро душмани худ ҳисобед, бо тоъату ибодат ва бо иҷрои фармонҳои Парвардигор алайҳи ӯ мубориза баред. Зеро ӯ аз рӯзи нахустини офариниши Одам (а) душмании худро оғоз кардааст. Шайтон махлуқест, ки тарки амри Худованд карду сари худро ба саҷда намонд, малъуну мардуд (ронда) шуд. Ӯ барои ба авлоди одам душманӣ кардан, ҳатто Қасам хӯрду аз Худованд тақозои муҳлату умри дароз хост. Ҳоло ӯ камтарин фурсатро истифода мебараду барои гумроҳ сохтани шумо дар ҳаракат аст. Ин шайтон аст, ки ҳизб (гурӯҳ)-и худро ҳамеша ба сӯи коре васваса мекунад, ки бояд онҳо аз асҳоби саъир (Дӯзах) бошанд. (Барои маълумоти бештар, ба ояти 50-уми сураи «Каҳф», оёти 22-27-уми сураи «Аъроф», оёти 208-уми сураи «Бақара», ояти 124-уми сураи «Анъом», ояти 5-уми сураи «Юнус», ояти 60-уми сураи «Ёсин» ва ба ояти 62-юми сураи «Зухруф» муроҷиъат шавад). Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «