Сураи Фурқон Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 11

بَلۡ كَذَّبُوۡا بِالسَّاعَةِ‌ ۖ وَاَعۡتَدۡنَا لِمَنۡ كَذَّبَ بِالسَّاعَةِ سَعِيۡرًا‌ ١١

Бал каззабу би-с-саъати ва аътадна ли ман каззаба би-с-саъати саъӣро. 11.

11. Балки қиёматро дурӯғ шумурданд ва ҳол он ки барои касе, ки қиёматро такзиб кунад, Дӯзахро омода сохтаем.

Маншаи ҳама ёвагӯиҳои мардум аз рӯйи бовар надоштан ба рӯзи қиёмат аст. Мушрикон ҳам на ин ки Қуръони карим ва пайғамбарии Муҳаммад (с)-ро инкор мекарданду дар шаъни онҳо, чуноне ки дар оятҳои қаблӣ гузашт, бӯҳтонҳо мезаданд, балки дар баробари ин ёвабофияшон то дараҷае гумроҳ буданд, ки ҳатто омадани рӯзи қиёматро низ мункир буданд. Агар сухан аз омадани рӯзи қиёмат ва аз ҳолатҳои он ба миён меомад, мегуфтанд, ки ин ҳама дурӯғ аст. (Наъузу биллоҳ) Худованд дар давоми оят чун посух ба онҳо гуфтааст, ки Мо барои чунин шахсоне, ки қиёматро инкор мекунанд, Дӯзахро омодаи пазироӣ қарор додаем. Яке аз сифатҳои Дӯзах дар ояти зер чунин баён шудааст,…


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)