Сураи Фурқон Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 10

تَبٰـرَكَ الَّذِىۡۤ اِنۡ شَآءَ جَعَلَ لَكَ خَيۡرًا مِّنۡ ذٰلِكَ جَنّٰتٍ تَجۡرِىۡ مِنۡ تَحۡتِهَا الۡاَنۡهٰرُ ۙ وَيَجۡعَلْ لَّكَ قُصُوۡرًا‏ ١٠

Табарака-л-лази ин шаа ҷаъала лака хайра-м мин залика ҷаннатин таҷрӣ мин таҳтиҳа-л-анҳару ва яҷъал-л лака қусуро. 10.

10. Бузург аст Он Зоте, ки агар хоҳад, аз ин бӯстонҳо туро беҳтар бидиҳад, ки аз зери он ҷӯйҳо мераванд, кохҳои баланд (низ) туро бидиҳад.

Заҳок (соҳиби тафсир) гуфтааст: «Вақте мушрикон ба Расулаллоҳ (с) таъна расонданд, ки ту ятим калон шудӣ», ту фақир ҳастӣ, ва ҳоказо, Расулаллоҳ (с) каме маҳзун шуданд. Ҳамоно ояти мазкур нозил шуд. Худованд ба Расули Худ (с) ҳамчу навозиш фармуд, ки бисёр бузургу пурбаракат аст Парвардигори ту. Агар бихоҳад, дар ҳамин дунё аз он чизе ки мушрикон гуфтанд, беҳтару хубтарашро барои ту медиҳад. Агар бихоҳад, метавонад барои ту боғҳое бидиҳад, ки зери дарахтони онҳо ҷӯйҳои об равон бошад. Агар бихоҳад, қодир аст, ки барои ту қасру кохҳо ато кунад. Локин мақсад аз ба дунё омадани ту соҳиб шудани ончи онҳо мегӯянд, нест. Мақсад он аст, ки ҳама кору ҳама чиз мувофиқи итоъату мувофиқи ризои Худованд бошад. Дар давоми сухани Заҳок омадааст, ки баъди таънаҳои мушрикон Ҷабраил (а) назди Расулаллоҳ (с) фуруд омад ва дар он асное, ки ҳарду бо ҳам дар сухан буданд, даре аз дарҳои осмон кушода шуд. Ҷабраил (а) гуфтанд: «Башорат бод ба ту эй Муҳаммад (с), инҳо ризвону хозинони Ҷаннатанд, ки ризои Парвардигорро барои ту оварданд». Онҳо ба Расулаллоҳ (с), дар ҳоле ки дар дасташон сандуқчае аз нур доштанд, салом дода гуфтанд: «Эй Муҳаммад (с), Худованд туро байни ин, ки ту набӣ ва подшоҳ ва байни ин, ки ту набию банда бошӣ, ихтиёр гузоштааст ва ин калидҳои хазинаҳои заминанд»: Дар он асно Расулаллоҳ (с) бо нияти машварат ба Ҷабраил (а) нигаристанд то ӯ (а) чӣ мегӯяд. Ҷабраил (а) дасти худро ба замин партофта ишора ба тавозӯъ кард. Расулаллоҳ (с) ишораи Ҷабраил (а)-ро фаҳмид ва дар посух ба хазинадорони дари осмон гуфтанд: «Ман набию банда буданро ихтиёр кардам» (то охири қисса). Баъди ин ҳодиса, Расулаллоҳ (с) асло чун шоҳон такякунон чизеро намехӯрданд ва бо ҳамин сурат аз дунё гузаштанд (ҳошияи Шайхзода, шарҳи тафсири Бойзовӣ).

Мушрикон бо таъна задани Қуръону Расулаллоҳ (с) кифоя накарда, чуноне ки дар ояти зер ишора шудаст, дар шаъни рӯзи қиёмат низ суханҳои нодурустро гуфтанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)