Тафсири Сураи Фуркон Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 12
اِذَا رَاَتۡهُمۡ مِّنۡ مَّكَانٍۢ بَعِيۡدٍ سَمِعُوۡا لَهَا تَغَيُّظًا وَّزَفِيۡرًا ١٢
Иза раатҳум-м мим маканин баъӣдин самиъу лаҳа тағайюза-в ва зафӣро. 12.
12. Чун Дӯзах онҳоро аз масофати дур бубинад, овози хашму ҷӯшу хурӯшро аз вай бишнаванд.
Вақто ки Дӯзах шахсони ба азоб маҳкумшударо аз дур мебинад, мисли даррандаи гуруснаи дар бандбуда, ки туъмаи худро мебинад, чунон ба ҳаяҷону ҷӯшу хурӯш меояд, ки садои ваҳшатноку хашмолуди онро аз масофаи дур ҳам бошад, дӯзахиён мешунаванд. Барои маълумоти бештар ба ояти 8-уми сураи «Мулк» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «