Тафсири Сураи Фуркон Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 31
وَكَذٰلِكَ جَعَلۡنَا لِكُلِّ نَبِىٍّ عَدُوًّا مِّنَ الۡمُجۡرِمِيۡنَؕ وَكَفٰى بِرَبِّكَ هَادِيًا وَّنَصِيۡرًا ٣١
Ва казалика ҷаъална ли кулли набиййин ъадувва-м мина-л муҷримӣн. Ва кафа би Раббика ҳадия-в ва насӣро. 31.
31. Ва, ҳамчунин барои ҳар Пайғамбар аз гунаҳгор (кофир)-он душманон сохтаем. Ва бас аст, ки Парвардигори ту раҳнамову нусратдиҳанда аст.
Вақто ки Расулаллоҳ (с) ба рафтори хасмонаи қавми худ рӯбарӯ буд, Худованд барои тасаллии ӯ (с) дар ин оят фармуд, ки чуноне ки барои ту аз мушрикони қавмат душманоне қарор додаем, барои пайғамбарони гузашта низ аз муҷримони қавмашон душман қарор дода будем. Пас, ту аз ин гуна бархӯрдҳои қавмат нороҳат мабош, сабрро пешаи худ кун, чуноне ки дар ин корҳо пайғамбарони гузашта босабр буданд. Ҳоло ту танҳо ё бидуни ёвар нестӣ. Ҳамин барои ту кифоя аст, ки Худованд ҳодию раҳнамо ва ёру ёварӣ туст. На васвасаҳои онҳо туро гумроҳ сохта метавонанд ва на аз ин роҳ ҳилаву найранги онҳо метавонад туро боздорад.
Хулоса, аз қадимулайём то пайғамбари охирӯззамон, дар кадом шаҳре, ки пайғамбаре аз пайғамбарҳои худро Худованд фиристода бошад, албатта, баъзе аз мардум ба ӯ зид баромада, фаъолияти худро алайҳи пайғамбарон нишон додаанд. Ингуна ранг гирифтани кор беҳикмат нест. Агар роҳи дини Ислом бехатар мебуд ва машаққатҳои гуногун намедошт, ҳар касе, ки мехост, ба Ислом ворид мешуд. Дар он сурат байни муъмину мунофиқ фарқе намемонд. Роҳи Ислом саросар имтиҳон аст. Худованд бандаи дӯстдоштаи Худро ба озмоишҳо рӯбарӯ мекунад ва бандагони сабркунандаи Худро ёрӣ медиҳаду ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
Дар ояти зер шубҳа ва эътизори кофирон баён мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «