Сураи Фурқон Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 32

وَقَالَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا لَوۡلَا نُزِّلَ عَلَيۡهِ الۡـقُرۡاٰنُ جُمۡلَةً وَّاحِدَةً‌ ‌ۛۚ كَذٰلِكَ ‌ۛۚ لِنُثَبِّتَ بِهٖ فُـؤَادَكَ‌ وَرَتَّلۡنٰهُ تَرۡتِيۡلًا ٣٢

Ва қола-л-лазӣна кафару лавла нуззила ъалайҳи-л Қур-ану ҷумлата-в ваҳидаҳ. Казалика ли нусаббита биҳӣ фуадака ва ратталнаҳу тартӣла. 32.

32. Ва кофирон гуфтанд: «Чаро ин Қуръон бар пайғамбар ба як борагӣ фуруд оварда намешавад?». Ҳамчунин онро бо чанд дафъа нозил кардани мо барои он аст, ки то бо он дили туро устувор созем ва онро бо оҳистагӣ хонем.

Худованд дар ин оят бо яке аз баҳонаҷӯиҳои мушрикону кофирон ишора карда гуфтааст, ки кофирони аз асли кор бехабар медиданд, ки Худованд аз Қуръони Карим гоҳо як оят, гоҳо ду ё аз ин ҳам зиёд мувофиқ ба тақозои ҳодисаҳо ва саволҳои ниёзи мардум ба Пайғамбар (с) нозил мекард. Пас, ба ӯ (с) таън расонида гуфтанд, ки чаро Қуръон дар як вақт, бо якборагӣ ё бо якҷоягӣ бар ӯ (Пайғамбар) нозил намешавад, то мардум ба бузургии он бештар воқиф шаванд? Албатта, ин бе ҳикмат набуд. Хулоса, ингуна нозил шудани Қуръон ба кофирони ҷоҳил маъқул набуд. Бинобар ин саволҳои ғаразнок медоданд. Дар давоми оят яке аз ҳикматҳои бо тадриҷ нозил шудани Қуръонро Худованд чунин баён кардааст, ки эй Муҳаммад (с), Мо ин Қуръонро барои он оят-оят, дона-дона нозил кардаем, ки ту бо худ собит бимонӣ ва (вақти шунидани саволҳои мардум) бо оятҳои он қувват пайдо кунию ба онҳо ҷавоб гардонда тавонӣ. Он ҷоҳилон надонистанд, ки агар Қуръон бо тадриҷ нозил шавад, дар бар давом будани пайғамбарии ту барои душманон дигар ҷои васваса нахоҳад монд. Дигар ин ки (чуноне ки ин мазмун дар сураи «Ва-з-зуҳо» гузашт) душманон наметавонанд гӯянд, ки як рӯз аз сӯйи Худованд ба ин мард пайғамбарӣ дода шуду бо ҳамин дигар ваҳйе барои ӯ наомад. Дигар ҳикмати қисм ба қисм нозил шудани Қуръон дар он аст, ки дар он асно Пайғамбар (с) ва умматҳои атрофи ӯ (с) саводи хондану навиштан надоштанд. Агар Қуръон чун Таврот якбора нозил мешуд, ҳифзи он мушкил буд. Вақто ки бани Исроил ба он амал накарданд, барои таҳдиди онҳо Худованд кӯҳи Турро болои сари онҳо бардошт. Дар бо тадриҷ нозил шудани Қуръон ҳазорҳо ҳикматҳои Илоҳист, ки бо тарзи пурра ба баёну тафсили ҳамаи онҳо мо бандагон оҷизем. Мо имон бар он дорем, ки он чӣ Худованд хостааст, он беҳтар аст. Мо ҳаққи дахолат дар кори Худовандро надорем. Валлоҳу аълам. Ояти зер маънои ояти қаблиро таъкид мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)