Сураи Фурқон Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 37

وَقَوۡمَ نُوۡحٍ لَّمَّا كَذَّبُوا الرُّسُلَ اَغۡرَقۡنٰهُمۡ وَجَعَلۡنٰهُمۡ لِلنَّاسِ اٰيَةً ؕ وَاَعۡتَدۡنَا لِلظّٰلِمِيۡنَ عَذَابًا اَلِيۡمًا ٣٧

Ва қавма Нуҳи-л ламма каззабу-р-русула ағрақнаҳум ва ҷаъалнаҳум ли-н-наси аяҳ. Ва аътадна ли-з-золимӣна ъазабан алӣма. 37.

37. Ва чун қавми Нӯҳ пайғамбаронро дурӯғгӯ шумориданд, ин ҷамоъатро ғарқ сохтем ва онҳоро барои мардум нишона (и ибрат)гардонидем ва барои ситамгарон азоби дарддиҳандаро муҳайё сохтем.

Дар аслҳои даъват ба сӯйи ҳақ байни расулони Худованд фарқе нест. Бинобар ин, касе як пайғамбарро дурӯғ ҳисобад, гӯё ҳамаи пайғамбарони Илоҳиро дурӯғ ҳисобидааст, пас ӯ мусалмон нест. Ҳоло дар ин оят Худованд чунин хабар додааст, ки вақто ки қавми Нӯҳ пайғамбар будани ӯ (а) ва тамоми пайғамбарони пеш аз Нӯҳ (а) гузаштаро дурӯғ ҳисобида, ба онҳо имон наоварда, мункир шуданду мухолифат карданд, Мо онҳоро бо тӯфони об ғарқу несту нобуд карда, достони онҳоро барои дигарон ҳамчун ибрат боқӣ гузоштем. Ҳамчунин барои ҳар қавме, ки чун қавми Нӯҳ (а) рафтори золимона кунад, Мо азоби дардноке (Дӯзах)-ро омода сохтаем.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)