Сураи Фурқон Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 53

۞ وَهُوَ الَّذِىۡ مَرَجَ الۡبَحۡرَيۡنِ هٰذَا عَذۡبٌ فُرَاتٌ وَّهٰذَا مِلۡحٌ‌ اُجَاجٌ ۚ وَجَعَلَ بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخًا وَّحِجۡرًا مَّحۡجُوۡرًا ٥٣

۞ Ва Ҳува-л-лазӣ мараҷа-л-баҳрайни ҳаза ъазбун фурату-в ва ҳаза милҳун уҷаҷу-в ва ҷаъала байнаҳумп барзаха-в ва ҳиҷра-м маҳҷуро. 53.

53. Ва Ӯст Он (Худое), ки ду дарёро даромехт: ин яке оби ширини дофеъи ташнагист ва они дигар шӯру бадмаза ва миёни ҳар ду ҳиҷоб ва бандари маҳкаме сохт.

Худованд дар ин оят аз муъҷиза ҳодисаи ғайри оддие, ки ба беинтиҳоии қудрати Аллоҳ таъоло далолат мекунад, хабар додааст. Ӯст, ки ду баҳрро дар канори ҳам (бо ҳам пайваст) қарор дод, оби яке аз онҳо шӯру талх, они дигар ширину нӯшидани он гуворост. Байни ин ду об сарҳаде аз пардаи хеле нозук ва бо чашм дида нашаванда қарор дод. Ин ду намуди об ҳарчанд паҳлуи ҳаманд, вале омехта намешаванд.

Аз таҷриба ва мушоҳидаҳои ҳамарӯзӣ маълум аст, ки агар оби шӯр ва оби ширин ба як зарф рехта шаванд, ин ду об бо ҳам омехта мешаванд. Масалан, каме оби баҳр, ки шӯру талх аст ва каме оби дарё, ки ширин аст, ба як зарф рехта шаванд, ин ду об бо ҳам омехта мешаванд, маззаи оби ширин дигар гардад ва ҳеҷ гоҳ сарҳаде байни онҳо пайдо намешавад.

Аммо Худованд дар ояти мазкур хабар додааст, ки ҳаст баҳре, ки дар зоҳир ба инсон чун як баҳри об менамояд, дар асл он ду баҳр аст. Яке баҳри оби шӯру талх ва дигаре баҳри оби ширин, онҳо канори ҳаманд, вале яке бо дигаре омехта намешавад, зеро Худованд бо қудрати беҳамтои Худ байни онҳо пардаи нозуки диданашаванда қарор додааст. Ин аст барои инсони оқил ва андешаманд ҳодисаи ғайриоддӣ муъҷизаи илоҳӣ, ки ба мавҷудияти Аллоҳи яккаву ягонаву қодиру тавоно ва ҳақ будани Қуръон каломи Аллоҳ далолат мекунад.

Баъд аз 1400 соли нозилшавии ин оят дар охири асри ХХ мавҷуд будани ин гуна баҳр, ки дорои оби шӯру ширини бо ҳам омехтанашавандааст аз тарафи олими франсавӣ муҳаққиқи машҳури океан ва баҳрҳо Жак Ив Кусто кашф шуд ва ба оламиён маълум гашт. Мутахассисон аз ин ҳодисаи ғайриоддӣ, ки аввалин бор маълум гашт, ҳайра зада шуданд. Вақто Жак Ив Кусто фаҳмид, ки аз мавҷуд будани ин гуна баҳр китоби Қуръон 1400 сол қабл хабар додааст, имон оварда, мусалмон шуд ва машҳуртар гашт. Барои маълумоти бештар ба оятҳои 19-20-уми сураи «ар-Раҳман» муроҷиъат шавад. Ояти зер дигар аҷоиботи санъати Парвардигорро, ки он ҳам аз об пайдо мешавад, зикр мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)