Тафсири Сураи Фуркон Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 54
وَهُوَ الَّذِىۡ خَلَقَ مِنَ الۡمَآءِ بَشَرًا فَجَعَلَهٗ نَسَبًا وَّ صِهۡرًا ؕ وَكَانَ رَبُّكَ قَدِيۡرًا ٥٤
Ва Ҳува-л-лазӣ халақа мина-л-маи башаран фа ҷаъалаҳу насаба-в ва сиҳра. Ва кана Раббука қадӣро. 54.
54. Ва Ӯст Он (Худое), ки одамиро аз об (нутфа) офарид, пас, онро хешованди насабӣ ва сабаби (чун домод падархонум модархонум ва хонуми писар) сохт ва Парвардигори ту тавоно аст.
Дар ояти мазкур сухан аз офариниши инсон ба миён омада, Худованд фармудааст, ки Ӯ (Худованд) Зотест, ки аз об (яъне оби нутфа) бо беҳтарин ва бо аҷоибтарин сурат инсонро, ки шунавандаву бинандааст (ду ҷинс зану мард) офарид, то ин ки бо ҳамдигар хешованд шаванд.
Хешовандӣ ба ду тақсим аст: насабӣ ва сабабӣ. Хешовандии насабӣ низ ба ду тақсим аст хешованди аслӣ ва фаръӣ. Аслӣ мисли падар, модар ва акаҳо ва хоҳарҳои онҳо. Хешовандони насабӣ фарзандон ва набераҳо ва ғайра. Хешовандии сабабӣ хешовандие аст, ки ба сабаби издивоҷи зану мард ба вуҷуд меояд, мисли падари шавҳар ва модари шавҳар, падари завҷа, модари завҷа, хоҳарии зан, хоҳари шавҳар ва ғайра.
Ба сабаби ин хешовандиҳои насабӣ ва сабабӣ байни инсонҳо, байни ду оила, ду авлод муҳаббат, унс, муттаҳидӣ ва рафтуомад пайдо мешавад.
Ба унвони таъкид, бар мисолҳои гузашта, дар поёни ояти мазкур Худованд фармудааст, ки ҳамвора Парвардигори ту қодир буд ва ҳаст, аз он ҷумла ба офариниши инсон аз об (нутфа) тақсими вай бо ду ҷинс. Локин аксари инсон холиқи худро намешиносад. Барои маълумоти бештар ба китобҳои фиқҳ муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «