Тафсири Сураи Фуркон Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 55
وَيَعۡبُدُوۡنَ مِنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ مَا لَا يَنۡفَعُهُمۡ وَلَا يَضُرُّهُمۡؕ وَكَانَ الۡـكَافِرُ عَلٰى رَبِّهٖ ظَهِيۡرًا ٥٥
Ва яъбудуна мин дуниллаҳи ма ла янфаъуҳум ва ла яЗурруҳум. Ва кана-л-кафиру ъала Раббиҳӣ заҳӣро. 55.
55. Ва ба ғайри Худои якто чизеро мепарастанд, ки ба онҳо на нафъ диҳад ва на ба онҳо зарар расонад. Ва кофир ҳамеша пуштибони мухолифони Парвардигори хеш аст.
Кофирон (мисли Абӯҷаҳл ва амсоли он) ба хубӣ медонанд, ки ягона Худованд қодир аст, ки инсонро биёфарад. Аммо онҳо чизҳоеро мепарастанд, ки агар онҳоро парастанд на фоидае аз онҳо ё (агар онҳоро напарастанд) на зиёне аз онҳо барояшон намерасад. Зеро онҳо як санг ё чӯби бе ҷон буда, на ҳис доранд, на биноӣ ва на шунавоӣ ва на ақл! Шахси кофир бояд донад, ки бо бутпарастии худ, доимо шайтонро ёрӣ мерасонад.
Хулоса, касе, ки бар зидди дини Ислом кор мебарад, ӯ кофир аст. Чун Парвардигорро нофармони мекунад, ӯ шайтонро пайравӣ карда ёрирасони ӯ шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «