Сураи Фурқон Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 72

وَالَّذِيۡنَ لَا يَشۡهَدُوۡنَ الزُّوۡرَۙ وَ اِذَا مَرُّوۡا بِاللَّغۡوِ مَرُّوۡا كِرَامًا ٧٢

Ва-л-лазӣна ла яшҳадуна-з-зура ва иза марру би-л-лағви марру кирома. 72.

72. Ва ононе ки гувоҳӣ бар дурӯғ намедиҳанд ва чун бар беҳудае бигзаранд, бо равиши бузургон бигзаранд.

Ҳаштумин сифати бандагони Худованди Раҳмон чунин аст, ки онҳо бардурӯғ гувоҳӣ намедиҳанд. Зеро бардурӯғ гувоҳӣ додан гуноҳи кабира аст. Ин рафторро дигар оятҳои Қуръон, аз ҷумла ояти 3-юми сураи «Муъминун» ва ҳадиси шариф маҳкум мекунад. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расулаллоҳ (с) се маротиб суханашонро такрор карда гуфтаанд: «Оё ман шуморо аз бузургтарин гуноҳон огоҳ накунам?». Асҳоб гуфтанд: «Чаро не, ё Расулаллоҳ! Моро огоҳ кунед!». Расулаллоҳ (с) фармуданд: «Ширки ба Худованд, нофармонии волидайн». Дар ҳоле ки такя зада буданд, нишастанд ва онгоҳ фармуданд: «Ҳой, огоҳ бошед аз гуфтани сухани дурӯғ ва огоҳ бошед аз гувоҳии бардурӯғ». Пайваста ин суханро чунон такрор карданд, ки асҳоб бо худ гуфтанд: «Эй кош, Расулаллоҳ (с) сукут мекарданд». Хулоса, бар зидди кас ва ё бар фоидаи кас бардурӯғ шоҳидӣ додан гуноҳи кабира аст. Шахсе чунин сифат дошта бошад, ҳеҷ гоҳ бандаи маҳбуби Худованд шуда наметавонад. Нуҳумин сифати бандагони маҳбуби Раҳмон (Худо) касоне ҳастанд, ки ҳангоме ки бо корҳои лағв (беҳуда) бархӯрд кунанд, бузургворона аз канори он мегузаранд. Яъне онҳо бо беҳудагӯёну беҳуда рафтор кунандагон ҳамнишинӣ намекунанд. Ин маънои онро надорад, ки амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар тарк шавад.

Сифати даҳумиин бандагони маҳбуби Раҳмон (Худо) дар ояти зер баён шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)