Сураи Фурқон Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 71

وَمَنۡ تَابَ وَعَمِلَ صَالِحًـا فَاِنَّهٗ يَتُوۡبُ اِلَى اللّٰهِ مَتَابًا ٧١

Ва ман таба ва ъамила солиҳан фа иннаҳу ятубу илаллоҳи матаба. 71.

71. Ва ҳар кас тавба кунад ва кори шоистае ба ҷо оварад, пас, ба дурустӣ ки вай ба таври шоиста ба сӯйи Худо руҷӯъ кардааст.

Баъди эълон тавбаи ҳақиқӣ ё сохта будани онро ният ва амали солеҳ, афсӯсу надомат ва дигар ба чунин гуноҳ асло барнагашан тасдиқ мекунад. Агар шахсе бо забон тавба кунад, аммо дар амал онро бо иҷрои амалҳои солеҳ собит насозад, тавбаи ӯ сохтааст, зеро чунин тавба ба соҳиби худ ҳеҷ нафъе намерасонад.

Хулоса, Худованд дар ин оят чигунагии тавбаи саҳеҳро баён фармудааст, ки он касе ба сӯйи Худованд бозгаштааст, ки ӯ дар ҳақиқат ба таври шоиста, чуноне ки дар боло роҳҳои тавба гузашт, тавба кардаасту амалҳои солеҳро анҷом додааст. Мисол: Тарки шаробнӯшӣ, тарки дурӯғ гуфтан, ғайбат ва тарки дигар гуноҳҳони амсоли он агар барои зарари онҳо тарк шавад, матлуб нест ва арзише ҳам надорад. Тавба дар сурате фоидаовар аст, ки дар мадди аввал барои ризои Худованд бошад. Баёни дигар сифати бандагони маҳбуби Худованд дар ояти зер идома дорад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)