Сураи Фурқон Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 73

وَالَّذِيۡنَ اِذَا ذُكِّرُوۡا بِاٰيٰتِ رَبِّهِمۡ لَمۡ يَخِرُّوۡا عَلَيۡهَا صُمًّا وَّعُمۡيَانًا ٧٣

Ва-л-лазӣна иза зуккиру би айати Раббиҳим лам яхирру ъалайҳо сумма-в ва ъумйана. 73.

73. Ва ононе ки чун онҳоро бо оятҳои Парвардигор панд дода мешаванд, онҳо бо шунидани он (мисли) кӯру кар наяфтанд.

Роҳи Худоро бо чашму гӯши баста наметавон паймуд. Балки барои ин роҳро паймудан чашми бинои ботинбин ва гӯши ҳассоси нукташинос лозим. Худованд дар ин оят нуҳумин сифати бандагони Худ, ки ба онҳо лақаби бандагони Раҳмон (Худо) дода шудааст, баён намудааст, ки онҳо касонеанд, ки ҳаргоҳ оятҳои Парвардигорро ба онҳо ёдоварӣ кунанд, мисли шахси кӯру кар рафтор намекунанд. Яъне чун Қуръон барои бандагони Раҳмон (Худо) хондаву тиловат карда шавад, ё аз панду бими он ба онҳо тазаккур дода шавад, мисли кару кӯре, ки маъбудҳои худро ибодат мекунанд, рафтор намекунанд. Балки бо биноӣ ва бо шунавоӣ аз оятҳои Парвардигор баҳра мегиранду дидаву дониста сари худро ба саҷдаи илоҳӣ мениҳанд. Ёздаҳумин сифати ибодурраҳмон (бандагони Раҳмон) дар ояти зер баён шудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)