Ҷомеаи имрӯза бо пешрафти техникаву технологияи ҳозиразамон ҳамқадам буда, вобаста ба табъи дили аҳолӣ маҳсулотҳои лозимаро пешниҳод менамояд. Гарчанде аввалин нақлиётро ширкати Мерседес- Бенз сохта шуда бошад ҳам, ширкати BMW дар пешниҳод намудани нақлиётҳои хубу замонавӣ низ дар пешрафт аст. Дар ин ҷо мо Шуморо бо якчанд факти аҷиби ин ширкат ошно месозем.
Ширкати BMW, 7- марти соли 1916 дар шаҳри Мюнхени Олмон аз тарафи Франк Ҷозеф Поп ва Карл Фридрих Рап ташкил ёфта, соли 1917 ба қайд гирифта шуда аст.
Ин ягона ширкати бузурге мебошад, ки ба истеҳсоли муҳаррики нақлиётҳои обиву заминиву ҳавоӣ машғул аст. Аз ин ҷост, ки ҳавопаймоҳое, ки дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон истифода шудаанд, муҳаррикҳояшон истеҳсоли дасти ин ширкат мебошанд.
Номи ширкат- BMW , ин шакли хурдкардашудаи номи пурраи ширкат мебошад. Яъне, Bayerische Motoren Werke – Ширкати муҳаррикии Бавария
Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки дар логотипи ширкат ранги сафеду кабуд чунин маъно дорад, ки гӯё ширкат бори аввал фаъолияташро аз истеҳсоли муҳаррикиҳо барои ҳавопаймо шуруъ намудааст. Баъзеи дигарон мегуянд, ки рангҳои сафед ва кабуди логотипи ширкат маънои онрои дорад, ки рангҳои парчами худи Бавария низ сафеду кабуд мебошанд. Ин логотипро яке аз асосгузорони ширкат Карл Фридрих пешниҳод намудааст.
Ширкат дар қатори муҳаррик, инчунин ба истеҳсоли дигар намуди техникаҳо машғул аст. Аввалин нақлиёти ин ширкат BMW PS ном дошта, соли 1932 сохта шудааст.
BMW фаъолияти худро аз як корхонаи хурдакак шуруъ намудааст. Айни ҳол бошад, дар худи Олмон ҳамагӣ 5 корхона ва дар тамоми ҷаҳон ширкат соҳиби 22 корхонаҳои хурду калон мебошад.
Дар аввал ширкат ба истеҳсоли муҳаррику дигар техникаҳои ҳавоӣ машғул будааст. Баъди шикасти Олмон аз Иттиҳоди Шӯравӣ, дигар истеҳсоли муҳаррику ҳавопаймоҳои ҷангӣ манъ шуда буд. Маҳз барои ҳамин ширкат фаъолияти худро барҳам надода, истеҳсоли нақлиётро пеш гирифтааст. Гарчанде Олмон дар ҷанг муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ шикаст хурда буд, вале ширкати олмонии BMW ба ҳамаи ин шикасту рехтҳои мамлакати худ нигоҳ накарда, то ҳол фаъолияташро дар ин самт идома дода истодааст.