Сураи Фуссилат Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 12

فَقَضٰٮهُنَّ سَبۡعَ سَمٰوَاتٍ فِىۡ يَوۡمَيۡنِ وَاَوۡحٰى فِىۡ كُلِّ سَمَآءٍ اَمۡرَهَا‌ ؕ وَزَيَّـنَّـا السَّمَآءَ الدُّنۡيَا بِمَصَابِيۡحَ ‌ۖ وَحِفۡظًا ‌ؕ ذٰلِكَ تَقۡدِيۡرُ الۡعَزِيۡزِ الۡعَلِيۡمِ ١٢

Фа ҚаЗаҳунна сабъа самаватин фӣ явмайни ва авҳа фӣ кулли самаин амраҳа. Ва заййанна-с самаа-д-дунйа би масабӣҳа ва ҳифза. залика тақдӣру-л-Ъазӣзи-л-Ъалӣм. 12.

12. Пас, дар ду рӯзи дигар онҳоро ҳафт Осмон сохт. Ва дар ҳар Осмон ҳукму тадбири муносиби онро фиристод. Ва Осмони дунёро бо чароғҳо (ситорагон) зиннат додем ва (аз шайтон онро) нигоҳ доштем. Ин аст тадбири Аллоҳи ғолибу доно».

Пас аз офаридани Замин Аллоҳ таъоло ба офаридани Осмон мутаваҷҷеҳ шуд. Осмон он замон ба ин шакле, ки имрӯз аст, набуд. Дар он вақт осмон сурати духон, яъне дудро дошт. Аллоҳ таъоло бо Қудрати ҳакимонаи назди Худ маълум ҳафт табақаи осмонро низ, дар ду рӯзи дигар пайдо намуд. Ӯ таъоло ба Осмону Замин хитоб карда гуфт, ки ба иҷрои амри Ман ба хушӣ меоед ё ба зӯрӣ? Он ду дар ҷавоб гуфтанд, ки ай Парвардигори мо, бо камоли ризоият амри Туро пазируфта, ба Қадри бардошт омодаи иҷрои он ҳастем. Халқи (офариниши) Замину осмонҳо дар муҳлати шаш рӯз як ҳикмати Парвардигор аст. Вагарна Худованд дар як мижа ба ҳам задан метавонист онҳоро биёфарад. Ин барои инсонҳо як дарси ибрат аст, ки бо як ҳалимӣ ва бо низоми дуруст ва ба тадриҷ анҷом ёфтани корҳоро таълим бигиранд. Пас, Аллоҳ таъоло дар ҳар як табақаи осмон ҳукму тадбири муносиби худро ҷорӣ намуд. Аз ҷумла осмони аввалро, ки ба инсонҳо наздиктар аст, бо ситораҳои дурахшанда зиннат дод, ки ба заминиён равшанӣ медиҳанд. Албатта, он чӣ зикр шуд, ҳама тадбиру тақдир ва иродаи Аллоҳ таъолост. Зеро Аллоҳтаъоло дар ҳама кор ғолиб буда, маслиҳати махлуқоти Худро беҳтару хубтар медонад. Халқи ашёи болои замин дар зикри худро ёфтааст. ?????????


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)