Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 13
فَاِنۡ اَعۡرَضُوۡا فَقُلۡ اَنۡذَرۡتُكُمۡ صٰعِقَةً مِّثۡلَ صٰعِقَةِ عَادٍ وَّثَمُوۡدَ ١٣
Фа ин аъраЗу фа Қул анзартукум саъиқата-м мисла саъиқати Ъади-в ва Самуд. 13.
13. Пас, агар (аз ҳақ) рӯй гардонанд, пас, бигӯ: «Шуморо аз азоби сахт, монанди азоби сахте, ки ба (Қавми) Оду Самуд расид, метарсонам».
Аллоҳи таъоло ба ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки агар бо ин Қадар даъвати ту аз имон овардан рӯйгардон бошанд, ба онҳо бигӯ, ки ман албатта бимдиҳандаи шумо ҳастам. Пеш аз шумо Қавмҳои Од ва Самуд бо азобҳои гуногун ба ҳалокат расиданд. Ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки чунин азобҳо ба сари шумо намеоянд! Шуморо низ бояд огоҳ созам, ки агар маро напазиред, ба ҳамин гуна азобҳои шадиду мудҳиш гирифтор ва ба ҳалокат расиданатон мумкин аст.
Аллоҳ таъоло бо забони ҳабиби Хеш (с) сабаби ҳалокати он ду Қавм, яъне Од ва Самудро дар ояти зер баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «